ШАҲБОЗ РАҶАБЗОДА КӢ БУД, КИ АЗ НОМИ ФАРЗАНДОНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГАП МЕЗАД? (ВИДЕО)

Рӯзи 10 май дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як корманди баландпояи гумрук бо номи Шаҳбоз Раҷабзодаро таҳти истинтоқи шадид қарор дод ва ҷараёни ин пурсуҷӯро телевизионҳои Тоҷикистон намоиш доданд. Барои бисёриҳо ҷолиб буд, ки ин нафаре, ки дар ҳамагӣ як солу 8 моҳи кор дар гумрук соҳиби се хонаву ду мошин шудаву маблағҳои бузургеро ба хориҷи кишвар низ фиристодааст, кист? Таҳқиқоти сомонаи "Ахбор” маълум кард, ки Шаҳбоз Раҷабзода то рӯзи 11 май сардори терминали гумрукии "Душанбе-1”, яке аз мансабҳои аз ҳама равғанӣ дар низоми Хадамоти гумруки Тоҷикистон буда, танҳо яке аз хонаҳояш дар маҳаллаи 112 иборат аз 9 ҳуҷра аст. Ӯ дар байни ҳамагӣ 20 моҳ аз лейтенант то рутбаи подполковникӣ расидааст. Сирри чунин парвози баланди Шаҳбоз Раҷабзода падараш аст, ки духтури оилаи президент будааст. Раҷабзода низ дар ҳамаҷо ҳамчун нафари наздик ба оилаи президент гап мезад ва ба ин далел Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ пурсид, ки "ту чаро аз номи фарзандони роҳбари давлат гап мезанӣ?”
Шаҳбоз Раҷабзода, нафаре, ки президент Эмомалӣ Раҳмон сахт истинтоқаш кард ва дар экрани телевизион аз кор дар мақомоти гумрук ҷавобаш дод, фарзанди Раҷаб, духтури оилаи президент ва дастгоҳи президент будааст.
Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати "Ахбор”, асли Раҷаб аз ноҳияи Мӯъминобод аст, вале фарзандонаш, аз ҷумла Шаҳбоз дар Душанбе, дар маҳаллаи 112 ба воя расидаанд. Доктор Раҷабро ба далели маҳалли зисташ бисёриҳо "Раҷаби 112” низ ном мебаранд.
"Президент дар бораи се хона доштани Шаҳбоз ҳарф зад. Фақат як хонааш, ки ман медонам, дар як бинои сохтаи ширкати "Сапеда”-и Амони 112 дар маҳаллаи 112 дар назди нуқтаи маводи сӯхти "Фароз" ҷойгир шудааст. Шаҳбоз қабати сеюми ин биноро пурра худаш танҳо харида гирифт. Фақат ҳамин як хонааш аз 9 ҳуҷра иборат аст”, - нақл кард дар суҳбат бо "Ахбор” як сокини маҳаллаи 112, ки оилаи Шаҳбозро хуб мешиносад.
ДАР АКС: Бинои воқеъ дар маҳаллаи 112, ки онҷо Шахбоз Раҷабзода хонаи 9-ҳуҷрагӣ дорад:
кӯдакони Озода Раҳмон, сардори дастгоҳи президентро мактабу боғча мебурду меовард ва ҳанӯз мансаби давлатӣ надошт: "Амалан ронандаи оилавии Озода Раҳмон буд. Ва он солҳо аз номи Озода Раҳмон мушкилоти корафтодаҳоро ҳал мекарду ҳаққи худро мегирифт. Асосан онҳое, ки бо ягон ҷиноят ба дасти мақомот меафтоданд, ба Шаҳбоз муроҷиат мекарданд ва ӯ ҳамчун одами Озода мерафту нафари дастгиршударо халос мекард ва пулашро мегирифт”.
Вақте Озода Раҳмон дар вазорати корҳои хориҷӣ кор мекард, Шаҳбоз Раҷабзодаро низ бо хоҳиши падараш дар ин вазорат ба кор гирифтанд. Дар чӣ мақом кор кардани ӯ маълум нест, вале ӯро хеле зуд ҳамчун кадри ҷавону ояндадор барои таҳсил ба Академияи дипломатии Русия фиристоданд. Шаҳбоз Раҷабзода ин мактабро хатм карда натавонист.
Тавре президент Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба худи Раҷабзода гуфт: "Дурӯғ мегӯӣ, хатм накардаӣ.
Шаҳбоз Раҷабзода: Госслужба... Бале, бале.
Эмомалӣ Раҳмон: Хатм накардаӣ, дурӯғ нагӯ!
Шаҳбоз Раҷабзода: Бале, хатм накардаам, Ҷаноби олӣ, масъалаҳои...
Эмомалӣ Раҳмон: Пешат карданд барои надоштани саводат.”
Бо ин вуҷуд, дар поёни соли 2017 Шаҳбоз Раҷабзодаро бидуни ягон таҷрибаи кор дар низоми гумрук ба мақоми сардори терминали Душанбе-1, воқеъ дар наздикии бозори "Корвон” таъйин карданд. Тақрибан ҳамаи борҳое, ки бо фураву қатори роҳи оҳан ба Душанбе ворид мешаванд, дар ҳамин терминал муқаррароти гумрукиро пур мекунанд ва аз ин лиҳоз, курсии сардори терминали Душанбе-1” яке аз равғанитарин мансабҳо дар тамоми Хадамоти гумруки Тоҷикистон дониста мешавад.
"Дар инҷо аз ҳар фура вобаста ба ҳаҷму нархи моли овардааш аз 500 то 1000 доллар "ҳақ” мегиранд. Ин бар иловаи боҷу хироҷи гумрукӣ”, - гуфт дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” як корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи як корманди гумрук, "нархи мансаби сардори терминали Душанбе-1 аз 50 то 100 ҳазор доллар аст. Ин фақат дар қадами аввал. Баъд роҳбарони Хадамот қӯш мешаванд ва бояд ҳаррӯзаву ҳарҳафтаина ва ҳармоҳа алоҳида фоиз баранд ба ҳар кадомаш”.
Ин манбаи "Ахбор” хабар дод, ки сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримов алакай рӯзи 11 май ба ҷои Шаҳбоз Раҷабзода ҳамшаҳрии худаш Маъруф Зикировро сардори терминали Душанбе-1 таъйин кард: "Президент талаб кард, ки кадрҳои босаводу ҳалолкорро таъйин кунед, вале гӯё ба гӯши кар азон хонд. Ҳоло дар тамоми Хадамоти гумрук ба мақомҳои калидӣ кангуртиҳои ҳамшаҳри Хуршед Каримов таъйин шуда истодаанд. Маъруф Зикиров, ки сардори терминали Душанбе-1 таъйин шуд, низ аз ноҳияи Темурмалик аст. Аҷиб ин аст, ки чанд вақт пеш аудиторҳо дар фаъолияти Маъруф Зикиров ба маблағи 3 миллион сомонӣ камомад ёфта буданд ва ӯ то ҳол ин зарари расондаашро барқарор накардааст. Ва бо вуҷуди ин, имрӯз ба мақоми аз ҳама равғании Хадамоти гумрук таъйин шуд. Дастури президент зоҳиран аз ин гӯшашон даромаду аз гӯши дигарашон баромад. Чизе тағйир наёфт, мутааасифона...”
Дар байни ҳамагӣ 1 солу 8 моҳ Шаҳбоз Раҷабзода тавонист бо истифода аз мансаби сардори терминали Душанбе-1 соҳиби нафақат се хонаву чанд мошин шавад. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ аз як лейтенанти оддӣ то рутбаи подполковникӣ расид.
"Тақрибан ягон иде набуд, ки ба сари китфи Шаҳбоз Раҷабзода ягон рутбаи нав начаспонанду ӯро бо ягон медал сарфароз накунанд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки на таҷрибаи кор дошту на ягон савод. Мансаб барои чунин афрод манбаи фақат "бизану бихӯру бигард” аст, бадбахтона. Кадри босавод дар ин низоми вайрон роҳ намеёбад...” – мегӯяд ҳамсуҳбати "Ахбор”, ки бо беш аз 20 сол таҷрибаи кор дар гумрук рутбааш ҳамагӣ майор аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар ҷараёни мулоқоташ бо мақомоти бонку молия ва гумруку андоз як корманди гумрук бо номи Шаҳбоз Раҷабзодаро ба пеши микрофон даъват карда, дар бораи чанд мошину хона доштанаш сахт бозпурсӣ кард. Маълум буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аъмоли ин корманди гумрук аз пеш маълумоти кофӣ ҷамъ оварда буд ва дар ҳоле ки Шаҳбоз Раҷабзода даст пеши бар ва тарс дар чеҳрааш ба саволҳои президент посух медод, оқои Раҳмон чанд дафъа посухи нодуруст додани Раҷабзодаро ошкор кард ва ҳар дафъа ӯро ҳушдор медод, ки дурӯғ нагӯяд. Ҷараёни ин пурсуҷӯ тавассути телевизионҳои Тоҷикистон нашр шуд.
Байни президент ва корманди гумрук чунин суолуҷавобгузашт:
Эмомалӣ Раҳмон: Назди микрофон инҷо биё!
(Шаҳбоз Раҷабзода аз ҷо баланд шуда, даст пеши бар назди микрофон омад)
Эмомалӣ Раҳмон: Киед шумо?
Шаҳбоз Раҷабзода: Раҷабзода Шаҳбоз.
Эмомалӣ Раҳмон: Чанд сол шуд кор мекунӣ?
Шаҳбоз Раҷабзода: Як солу 8 моҳ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон: Як солу 8 моҳ? Чанд хона дорӣ? (Раҷабзода худро гум мекунад) Росташро гӯ!
Шаҳбоз Раҷабзода: Се хона.
Эмомалӣ Раҳмон: Чанд мошин дорӣ?
Шаҳбоз Раҷабзода: Якта.
Эмомалӣ Раҳмон: Якта не, росташро гӯ! Ман дорам дар дастам (маълумот).
Шаҳбоз Раҷабзода: Дута аз ман нест. Яктааш ба номи ман аст.
Эмомалӣ Раҳмон: Яктааш ба номи дигару яктааш ба номи худат. Чанд сӯм меистад мошинат?
Шаҳбоз Раҷабзода: ...
Эмомалӣ Раҳмон: Чанд забони хориҷиро медонӣ?
Шаҳбоз Раҷабзода: Се забонро.
Эмомалӣ Раҳмон: Куҷоро хатм кардӣ?
Шаҳбоз Раҷабзода: Академияи Русия, муҳтарам Ҷаноби олӣ...
Эмомалӣ Раҳмон: Дурӯғ мегӯӣ, хатм накардаӣ.
Шаҳбоз Раҷабзода: Госслужба... Бале, бале.
Эмомалӣ Раҳмон: Хатм накардаӣ, дурӯғ нагӯ!
Шаҳбоз Раҷабзода: Бале, хатм накардаам, Ҷаноби олӣ, масъалаҳои...
Эмомалӣ Раҳмон: Пешат карданд барои надоштани саводат. Чаро аз номи фарзандони роҳбари давлат гап мезанӣ? Ана кадри ҷавон! Гуноҳат аз мӯи сарат зиёд аст. Фаҳмидӣ? Дар кадом сохторе кор кардӣ, аз ҳама ҷо туро ҷазо қатӣ пешат карданд. А чӣ хел ба кор қабул карданд, ман намедонам.Ягон касро итоат намекунад. Салом намекунад ҳатто! Чӣ, ту худат аз осмон чакидаӣ? Қонун барои чист? Қонун барои кӣ аст? Гуноҳ надорӣ? Камбудӣ надорӣ?
Шаҳбоз Раҷабзода: Дорам.
Эмомалӣ Раҳмон: Меравӣ, аризаатро менависӣ, гум мешавӣ! Ҳамин қадар, ки ҷавонӣ, набошад, кунҷи турмаро мегирӣ. На камтар аз 15 сол! Пулҳои ба хориҷа баровардагиатро мегардонӣ!
Шаҳбоз Раҷабзода: Хуб шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон: Шин!
(Шаҳбоз Раҷабзода даст пеши бар бо тарсу ларз ба ҷояш баргашт)
Эмомалӣ Раҳмон: Аксари роҳбарони гузаргоҳҳо, аксари роҳбарони терминалҳо, аксари роҳбарони раёсатҳои гумрук ана ҳамин аҳвол аст. Шахсони оддӣ нестанд. Аз куҷо даромади буҷа мешавад? Куҷоро нигоҳ мекунед шумо? Садҳо миллион, миллиард рафта истодааст, шумо бошед, мегӯед, (нақшаи) буҷа иҷро намешавад. Омӯзгор 10-12 соат рӯзи дароз кор мекунад, 700 сомонӣ мегирад.
Сарчашма: https://akhbor.com/-p9192-117.htm
Комментарии (0)