< Пешвои миллат ба Доналд Трамп ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо ҶИЭ барқияи табрикӣ ирсол намуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешвои миллат ба Доналд Трамп ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо ҶИЭ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Пешвои миллат ба Доналд Трамп ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо ҶИЭ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
​Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми июн барқияи табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трампро ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр намуд.

Дар ин барқияи табрикӣ зикр шудааст, ки ин рӯйдоди муҳим, ки маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, барои истиқрори сулҳу суботи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна ва таҳкими низоми амнияти ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дорад.

Ҳамчунин, дар барқия таъкид гардидааст, ки ин созиш барои роҳандозии иқдомҳои нави сулҳомез ва таҳкими фазои эътимод дар сатҳи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Пешвои миллат дар барқия изҳор намудаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар аз ин дастоварди муҳим истиқбол намуда, ҷонибдории худро аз ҳалли ҳама гуна ихтилофоту низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ таъкид мекунад.

Дар поёни барқия Пешвои миллат ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп сиҳҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, инчунин, ба мардуми ИМА сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намудаанд.

Қобили зикр аст, ки чунин барқияи табрикиро чанде пеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ирсол намуда буданд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий