< “Ба ҳама табрик мегӯям”. Эрон ва Амрико тасдиқ карданд, ки ба ҷанг хотима доданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ба ҳама табрик мегӯям”. Эрон ва Амрико тасдиқ карданд, ки ба ҷанг хотима доданд

“Ба ҳама табрик мегӯям”. Эрон ва Амрико тасдиқ карданд, ки ба ҷанг хотима доданд
Эрон ва Амрико эълон карданд, ки тафоҳумномаи сулҳро ниҳоӣ кардаанд ва миёни онҳо тавофуқ ҳосил шудааст. Тафоҳумнома поёни ҳафта дар, рӯзи ҷумъа дар Суис (Швейтсария) имзо хоҳад шуд.

Дар бораи ниҳоӣ шудани тафоҳумномаи сулҳ миёни Эрон ва Амрико ва имзои он дар Суис аввалтар аз ҳама Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон эълон кард. Ӯ, ки кишвараш миёнҷии музокироти Теҳрону Вашингтон аст, гуфт, маросими имзои расмии  тавофуқ миёни Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъа, 19-уми июн, дар Суис баргузор мешавад.

Ба гуфта ӯ, ду тараф поёни фаврӣ ва доимии ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла, дар Лубнонро эълом кардаанд.

Пас аз ин, раисҷумҳури Амрико ҳам изҳор дошт, ки «созиш бо Эрон акнун комил шудааст. Ба ҳама табрик мегӯям».

«Бозкушоии комил ва бидуни дарёфти боҷи тангаи Ҳурмузро иҷозат медиҳам ва ҳамзамон бо он, дастури рафъи фаврии муҳосираи баҳрии Амрикоро низ эълон мекунам», — илова кард Доналд Трамп.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳам расидан бо поёни ҷанг бо Амрикоро таъйид карда, гуфт, «ҷангу амалиёти низомӣ аз имшаб ба сурати фавриву доимӣ поён ёфта, илова бар ин, муҳосираи баҳрии Эрон (аз сӯи Амрико) билофосила ва ба таври комил хотима меёбад».
Ба гуфтаи ин ниҳод, музокирот барои расидан ба созиши ниҳоӣ ба «иҷрои аҳдҳои тарафи муқобил» ва имзои ёддошти тафоҳум дар рӯзи ҷумъа вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол, Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам гуфтааст, ки пас аз имзои тафоҳумнома бо Амрико, музокироти 60-рӯзае оғоз мешавад ва изҳори умедворӣ, ки кард, ки он ба натиҷае бирасад.

«Хотимаи тамоми таҳримҳо алайҳи Эрон, чӣ таҳримҳои аввалия ва чӣ сонавия (баъдӣ) ва хотимаи қатъномаҳои Шӯрои амнияту Шӯрои Ҳукком (-и СММ), аз мавзуъҳои мавриди музокираи 60-рӯза хоҳад буд», — афзуд Ғарибободӣ.

Бо ин ҳол, то кунун ҳеҷ тараф ба таври расмӣ бандҳои тафоҳумномаи ҳосилшуда миёни Эрон ва Амрикоро расман эълон накардааст.
Аммо баъзе расонаҳо бо такя ба манобеи худ матни тафоҳумномаро нашр мекунанд. Мақомоти ҳарду кишвар  пештар аз расонаҳо хоста буданд маълумоти дур аз воқеиятро нашр накунанд.

Дар ҳамин ҳол, Исроил, ки якбо бо Амрико ба Эрон ҳамла карда, баъдан чанд бор созиши оташбасро нақз кард, дар бораи ин тафоҳумнома миёни Теҳрону Вашингтон изҳори назар накардааст. Аммо чанд соат пеш аз эълони ниҳоӣ шудани он, ба Бейрут, пойтахти Лубнон ва навори Ғаззаи Фаластин ҳамла кард. Доналд Трамп ин ҳамларо маҳкум кард. Эрон талаб дорад, ки созиши сулҳ бо Амрико бояд қатъи ҷанги Исроил дар ҳама ҷабҳа, аз ҷумла Лубнону Фаластинро ҳам фаро гирад.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий