Трамп мегӯяд, агар Эрон зуд созиш накунад, чизе аз он боқӣ намемонад
Ӯ рӯзи якшанбе 17-уми май дар паёми кӯтоҳе дар шабакаи иҷтимоии худ, Truth Social навишт: «Барои Эрон, замон рӯ ба поён аст ва беҳтар аст, бисёр зуд амал кунанд, вагарна чизе аз онҳо боқӣ намемонад. Вақт ҳалкунанда аст!»
Баъд аз ин паём, ӯ бо нашри чанд акси сохта, ки гӯё ҳадаф қарор додани Эрон ва оғози дубораи ҷанг бо фишор додани як тугмаро нишон медиҳад, таҳдид ба Теҳронро такрор кард.
Трамп дар яке аз ин тасвирҳо аз идомаи ҷанг ба зидди Эрон ҳимоят карда ва бо муқоисаи дарозои ҷангҳои Афғонистон, Ироқ ва Ветнам, навишт, ки ҳамлаҳо ба Эрон танҳо шаш ҳафта тӯл кашид.
Доналд Трамп чанд дақиқа баъд аз нашри ин паём, дар гуфтугӯи телефонӣ бо пойгоҳи «Аксиос» таҳдиди худро такрор кард ва гуфт: «Вақти Эрон дар ҳоли тамом шудан аст». Ӯ ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Эрон бо пешниҳоди беҳтар барои созиш омода нашавад, «зарбаҳои бисёр сахттар» хоҳад хӯрд.
«Аксиос» ба нақл аз раисҷумҳури Амрико дар бораи Эрон навиштааст: «Мо мехоҳем, ба созиш бирасем. Онҳо ҳанӯз дар ҷойгоҳе, ки мо мехоҳем, нестанд. Ё бояд ба он ҷо бирасанд ё зарбаи сахте хоҳанд хӯрд, чизеро, ки намехоҳанд.»
Трамп афзуд, ки агар Эрон пешниҳоди беҳтаре ироа накунад, Иёлоти Муттаҳида, ба он кишвар назар ба гузашта сахттар ҳамла хоҳад кард. Айни замон ӯ зарбулаҷале барои музокирот бо Эрон таъйин накардааст.
«Аксиос» ба нақл аз мақомоти амрикоӣ навиштааст, раисҷумҳури Амрико хоҳони созише барои поён додан ба ҷанг аст, аммо рад шудани бисёре аз хостаҳои ӯ аз сӯи Эрон ва гузаштҳои нокофии Теҳрон дар робита ба барномаҳои атомиаш, ӯро ба баррасии дигарбораи гузинаи низомӣ водор кардааст.
«Аксиос» пештар аз ин ба нақл аз як мақоми исроилӣ хабар дод, ки Доналд Трамп рӯзи якшанбе бо Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар бораи Эрон телефонӣ гуфтугӯ кардааст.
Трамп ҳафтаи гузашта охирин посухи Эрон ба тарҳи пешниҳодии Амрикоро «комилан ғайриқобили қабул» хонд ва рад кард. Амрико мехоҳад, Эрон аз ғанисозии ураниум даст кашида ва ураниуми ғанишудаашро аз кишвар берун кунад. Мақомоти Эрон ин дархостро рад кардаанд.
Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар бораи роҳҳои поён додан ба низоъ дар ҳоли номаълумист ва бино ба гузоришҳо вазири умури хориҷии Покистон рӯзи шанбе ба Теҳрон рафтааст, то барои аз сар гирифтани ин музокирот дигарбора талош кунад. ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Ба хотири гуфтугӯ ва расидан ба як созиш 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас эълон шуд.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)