ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
Дар доираи амалисозии лоиҳа, иқтидори иловагии энергетикӣ дар ҳаҷми 2000 МВт бунёд гардида, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ ба 3,5 миллиард кВт.соат мерасад. Ҳамчунин зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис гардида, дар ҳаҷми то 1 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим ҷалб мегардад. Бо амалишавии ин лоиҳа партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш ёфта, вазъи экологӣ беҳтар мегардад.
Татбиқи лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳо мустақилона бо нерӯи барқ таъмин гардида, барзиёдии истеҳсол ба шабака интиқол дода шавад. Ин иқдом ба кам намудани сарбории шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия ва афзоиши иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.
Тибқи созишнома, на камтар аз 80 фоизи кормандон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардида, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Амалишавии лоиҳа ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва «Стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040» мутобиқ буда, ба истифодаи манбаъҳои гуногуни энергия, рушди энергетикаи «сабз» ва коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои воридотӣ равона шудааст.
Лоиҳаи сармоягузорӣ бо мақсади суръат бахшидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, рушди энергетикаи «сабз», ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, коҳиш додани норасоии иқтидор дар низоми энергетикӣ, таъмини истифодаи самараноки неруи офтоб, ташкили механизми устувори ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи офтобӣ ва фароҳам овардани шароити устувори иқтисодӣ равона гардидааст.
Сарчашма: khovar.tj/

Комментарии (0)