< Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд

Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
​АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ кормандони масъули Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан амалӣ гардонидани чор ҳадафи стратегӣ дар мамлакат, ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масъалаҳои об, иқлим, амният ва ҳамкории минтақавӣ ва ҳамовозӣ пайдо намудани онҳо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сухан намуданд. Инчунин рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ муфассал таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дигар масъалаҳои муҳим, ки марбут ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошанд, низ дарҷ гардидаанд. Ҳамзамон ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва таъмин намудани адолати судӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба вазъи қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин муаррифии мазмуну моҳияти «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026-2030 сухан гуфтанд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий