< "Симои фарҳангии кишварро муаррифӣ менамояд". Паёми табрикотии Рустами Эмомалӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Симои фарҳангии кишварро муаррифӣ менамояд". Паёми табрикотии Рустами Эмомалӣ

"Симои фарҳангии кишварро муаррифӣ менамояд". Паёми табрикотии Рустами Эмомалӣ
​"Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори Рӯзи пойтахт — шаҳри зебо ва файзбахши Душанбе самимона табрик мегӯям«, — зикр мегардад дар паёми табрикотии раиси шаҳр.

Рустами Эмомалӣ дар паёми табрикотиаш таъкид кардааст, ки Душанбе на танҳо пойтахт, балки маркази идорӣ, муҳаррику такягоҳи асосии рушди устувор, инноватсия ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвар маҳсуб меёбад.

»Ин маркази умеди тоҷикони ҷаҳон бо роҳнамоиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои сокинони фаъолу худогоҳ имрӯз ҳамчун шаҳри муосир, амн ва дар ҳоли рушд, мавқеи худро дар миёни пойтахтҳои минтақа ва ҷаҳон устувор гардонида, ба макони мусоиди зиндагӣ ва фаъолияти созанда табдил ёфтааст«, — афзуда мешавад.

Таъкид мегардад, ки даҳ соли охир тавассути амалисозии босамари барномаҳои шаҳрсозӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва технологӣ, мо шоҳиди ташаккули муҳити муосири шаҳрсозӣ, болоравии сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани сифати зиндагии сокинони пойтахт гардида истодаем.

»Имрӯз Душанбе рисолати муҳимми фарҳангиву маънавиро низ ба дӯш дошта, ба маркази табодули андешаҳо, рушди илму маърифат ва таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфта, симои фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамояд«, — зикр мегардад дар паёми табрикотии шаҳрдор.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий