Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои иҷрои мувофиқаҳои бадастомада байни роҳбарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар моҳи ноябри соли 2025 оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бо ҷалби технологияву таҷрибаи пешрафтаи амрикоӣ татбиқ намудани лоиҳаҳои сохтмони марказҳои додаҳо, неругоҳи барқи офтобӣ, низоми захираи неру ва дигар лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон иброз намуданд.
Сарчашма: khovar.tj
Сарчашма: khovar.tj
Комментарии (0)