Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд, дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара шуъбаи таваллудхона мавриди истифода қарор гирифт.
Ин иншооти навбунёд барои 20 кат пешбинӣ шуда, дорои қабулгоҳ, ду ҳуҷраи зоиш, чор ҳуҷраи баъди таваллуд, амалиётхона барои чарроҳиҳо, ҳуҷраи ултрасадо ва колпоскопия мебошад. Ҳамчунин дар ин шуъба ҳуҷраҳои ёрирасон барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд ҳастанд.
Дар таваллудхона 12 корманд фаъолият дорад, ки як нафар табиби акушер-гинеколог, ҳафт нафар момодоя, се нафар ҳамшираи хурд ва як нафар корманди ғайритиббӣ мебошад.
Ин муассисаи навбунёди тандурустӣ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин аст. Дар он имконоти зарурӣ барои расонидани кумаки тиббӣ ба модарон ва навзодон фароҳам оварда шудааст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)