ВМКБ ва Хатлон нақшаро пурра иҷро карданд. Боз кадом шаҳру навоҳӣ нақшаи даъват ба артишро иҷро карданд?
Имрӯз, 1-уми апрел дар рӯзи якуми мавсими баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ, ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд. Ҳатто шаҳри Бохтар як рӯз қабл аз оғози мавсими даъват аз иҷрои нақша иттилоъ дод.
Нахуст, ВМКБ эълон кард, ки шаҳру ноҳияҳои ин вилоят нақшаи даъватро 100% иҷро кардаанд. Солҳои гузашта ҳам ин вилоят аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзи якуми маърака хабар дода буд.

Ҳамчунин, ҳукумати вилояти Хатлон низ имрӯз аз 100% иҷро шудани нақшаи даъват хабар дод. Шаҳри Бохтар як рӯз қабл аз оғози мавсими даъват аз иҷрои нақша иттилоъ дода буд. Давлаталӣ Саид, раиси вилоят дар ин маросим «ба ҳамаи волидайн ва омӯзгорони даъватшавандаҳо барои тарбияи чунин ҷавонмардони шуҷоъ» изҳори сипос кард. Соли гузашта ҳам ин вилоят нақшаи даъват ба хидматро дар рӯзи аввали маърака иҷро карда буд.

Ҳамчунин, ноҳияи Тоҷикобод, аз гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт низ аз иҷрои нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал гузориш доданд.
Маълум нест, ки нақшаи иҷрои даъват ва сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе чанд дарсад иҷро шуд. Аз Вазорати мудофиаи кишвар ба «Азия-Плюс» гуфтанд, «ҳоло дар бораи иҷрои нақшаи даъват ба Қувваҳои мусллаҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ омори дақиқ гуфта наметовнем».

Мақомот иҷрои нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъват ва як рӯз қабл аз оғози онро «афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ» арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.
Бояд гуфт, ҳамасола бо оғози мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои латукӯби сарбозон паҳн мешуд ва аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.
Мақомот вуҷуди «облава"- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.
Бояд гуфт, ахиран пайвандони Абдуқаҳҳор Нурзода, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки фарзандашонро дар қисми низомӣ латукӯб кардаанд, ба «Азия-Плюс» шикоят оварданд. Ин ҷавони 18-сола як моҳ дар беморхонаи низомии Душанбе бистарӣ шудааст.
Бо тафсилоти қазия ва назари тарафҳо дар ин гузориши «Азия-Плюс» шинос шавед: «Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд». Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ.
Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешаванд ва ин мавсими даъват то 31-уми май идома мекунад.
Сарчашма: asiaplus.news

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.
Бояд гуфт, ҳамасола бо оғози мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои латукӯби сарбозон паҳн мешуд ва аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.
Мақомот вуҷуди «облава"- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.
Бояд гуфт, ахиран пайвандони Абдуқаҳҳор Нурзода, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки фарзандашонро дар қисми низомӣ латукӯб кардаанд, ба «Азия-Плюс» шикоят оварданд. Ин ҷавони 18-сола як моҳ дар беморхонаи низомии Душанбе бистарӣ шудааст.
Бо тафсилоти қазия ва назари тарафҳо дар ин гузориши «Азия-Плюс» шинос шавед: «Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд». Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ.
Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешаванд ва ин мавсими даъват то 31-уми май идома мекунад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)