< Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст

Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
Касри савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ аз 478 млн доллар то 579 млн доллар зиёд шудааст. Дар ин бора дар гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёёи рушд (БАОР) маълумот дода мешавад.

«Афзоиши каср ба зиёдшавии воридот ба андозаи 27,2% (нисбат ба як соли пеш) дар шароити болоравии талаботи дохилӣ дар иқтисод вобаста аст», — таъкид мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон хариди воситаҳои нақлиётро аз хориҷа ба андоза 52,7%, мошину таҷҳизотро 32,7% ва ғизоро 55,7% нисбат ба соли пешин зиёд кардааст.

«Ба туфайли афзоиши интиқоли фулузот (металлҳо)-и гаронбаҳо ва ранга, маҳсулоти нассоҷӣ ва маҳсулоти минералӣ бо шумули семент ва консентратҳои маъдан, содирот нисбат ба соли пешин 53,1% афзуд», — таъкид мекунанд коршиносони БАОР.Бино ба маълумоти Оҷонсии омори кишвар, савдои хориҷии кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ 929 млн долларро ташкил дод, ки 31,4% (221,9 млн доллар) зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст. Тавозуни савдо манфӣ ва ба 578,6 млн доллар баробар шуд.
Дар моҳи аввали соли равон Тоҷикистон бо 94 кишвар муомилоти молу маҳсулот анҷом додааст.

Содирот дар моҳи январ 175,2 млн долларро ташкил дод, ки ба андозаи 53,1% (60,8 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мебошад.



Воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ 753,8 млн долларро ташкил дод, ки ба андозаи 27,2% (161,1 млн доллар) зиёдтар дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта мебошад.



Шарикони асосии тиҷоратии кишвар дар ин давра, Чин (281 млн доллар), Русия (237 млн доллар) ва Қазоқистон (120 млн доллар) боқӣ мондаанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий