< Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд

Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
​Конгресси ҷаҳонии мобилӣ яке аз бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои мобилӣ ва телекоммуникатсия ба ҳисоб рафта, ҳар сол намояндагони пешсафи ин соҳаро аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон гирди ҳам меорад.

Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати VOX Solutions Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин санад, ҷонибҳо омодагии худро барои баррасӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва алоқаи собит изҳор намуданд.

Байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Systemics ва байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ва ширкати Systemics Ёдошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷатҳои баимзорасида ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, амали намудани қарорҳои муосири технологӣ ва таҳкими инфрасохтори телекоммуникатсионӣ равона гардидаанд.

Инчунин  Ёддошти сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии Net Solution ва ширкати GMS ба имзо расид.

Ҳамзамон Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар доираи Барномаи вазирони Ассотсиатсияи байналмилалии операторони мобилӣ (GSMA) баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои сиёсатҳои фарогири тақсими спектр, ки ба пайваст намудани аҳолии аз шабакаҳои алоқа берунмонда равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин иштирокчиён доир ба густариши фарогирии рақамӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа ва нақши сиёсати самараноки идоракунии спектр дар рушди инфрасохтори рақамӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Дабири кулли ITU хонум Дорин Богдан-Мартин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби узвияти Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ITU баррасӣ шуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий