БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Аз 5 марти соли равон дар шаҳри Душанбе сохторҳои нави «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» ва «Низоми ягонаи иттилоотии санҷиши ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт» ба фаъолият оғоз менамоянд. Бо ёрии дурбинҳо (камераҳо ва радарҳо) доштани бимаи суғуртаи ҳатмӣ ва корти ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт ба таври худкор тафтиш карда мешавад.
Дар ҳолати набудани бимаи суғуртаи ҳатмӣ ё корти ташхиси техникӣ ба ронанда аввал огоҳинома фиристода, барои рафъи камбудӣ 10 рӯз муҳлат медиҳанд. Агар дар ин муддат қонуншиканӣ бартараф карда нашавад, ба ронанда тибқи моддаи 315, қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ташхиси ҳатмии техникӣ нагузаштан — 234 сомонӣ ва барои рондани мошин бе суғуртаи ҳатмӣ — 78 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Гузаштан аз ташхиси техникӣ ва суғурта масъулияти ҳатмии шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Мувофиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҳама воситаҳои нақлиёт дар мамлакат бояд аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаранд ва бо тартиби муқарраргардида суғурта карда шаванд. Истифодаи мошинҳое, ки аз ташхис нагузаштаанд ва бимаи суғурта надоранд, манъ аст.
Бояд гуфт, ки аз 18 майи соли 2025 дар Тоҷикистон меъёри андоз аз воситаҳои нақлиёт зиёд шуд. Ҳангоми гузаронидани ташхиси ҳатмии ҳамасола андоз ситонида мешавад, ки ҳаҷми он аз қувваи муҳаррики мошин вобаста аст. Ташхис дар марказҳои хизматрасонии ваколатдор ва устохонаҳои дорои иҷозатномаи дахлдор гузаронида мешавад. Онҳо бо таҷҳизоти махсус барои ташхиси мувофиқати воситаҳои нақлиёт ба талаботи муқарраршуда муҷаҳҳаз карда шудаанд. Пас аз гузаштан аз ташхиси техникӣ Бозрасии давлатии автомобилӣ ба соҳиби мошин ҳуҷҷати тасдиқкунанда (корти ташхис) медиҳад. Ҳоло дар мамлакат 62 нуқтаи ташхиси техникӣ амал мекунад, ки 13 адади он сайёр мебошад. Набудани бимаи суғурта барои ронанда ба ғайр аз ҷарима ҳангоми садама низ мушкилӣ ба бор меорад. Суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз соли 2021 амал мекунад.
Ба андешаи коршиносони нақлиёт, ҷорӣ кардани санҷишҳои корти ташхис ва бимаи суғурта барои ронандагон бо истифода аз дурбинҳои роҳ метавонад ба беҳдошти назорати риояи қоидаҳои ҳаракат ва коҳиши садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо мусоидат кунад. Камераҳо на танҳо қонуншиканиҳоро сабт мекунанд, балки ронанда метавонад бегуноҳии худро дар садама исбот намояд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки камераҳо ва радарҳо чунин нақзи қоидаҳои ҳаракат, ба монанди баланд кардани суръати ҳаракат, гузаштан дар чароғаки сурх, ворид шудан ба хати устувор, баромадан ба самти муқобили ҳаракат, ҳаракат дар канори роҳ, гардиш аз қатори дуюм, набастани камарбанди бехатарӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайраро сабт мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки хадамоти «Шаҳри бехатар» бо истифода аз имконоти нави рақамӣ ба соҳибони мошинҳо кумак мекунад, ки тавассути SMS дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда маълумот гиранд ва мушкилоти пардохти саривақтии онҳоро пешгирӣ кунанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)