Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
Дирӯз, 26-уми феврал дар шаҳри Лондон нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби «С5+1» баргузор гардид, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ иштирок кардааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар ин нишаст ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ шуда, дар мавриди густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таҳкими робитаҳо дар соҳаи амният гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, Сироҷиддин Муҳриддин изҳор доштааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Бритониё дар соҳаи иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм дар солҳои ахир «тамоюли мусбат касб кардааст».
«Баргузории нишасти мазкур бозгӯи иродаи қавии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими шарикии созанда бо Британия Кабир ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад», — гуфтааст вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳамзамон, аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои обу иқлим ва муколамаи байнифарҳангӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин, дар ҳошияи ин нишаст, машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор гардидааст, ки дар кори он роҳбарони ду вазорат ширкат кардаанд.
ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, дар машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кардаанд
«Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисоди-тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, инчунин рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, иқтисодию тиҷоратӣ, илм, фарҳанг, ва муҳоҷират зоҳир гардид», — навиштааст манбаъ.
Ба таъкиди ин ниҳод, ҷонибҳо масъалаҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, муҳокима намуда, омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо иброз доштанд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар вохурӣ бо раис ва аъзои ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барои Осиёи Марказӣ
Ҳамчунин, дирӯз Сироҷиддин Муҳриддин дар вохурии якҷояи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раис ва аъзои ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барои Осиёи Марказӣ ширкат кардааст.
Ӯ иштирокчиёни вохӯриро бо авлавиятҳои Тоҷикистон ва равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ шинос карда, аҳаммияти робитаҳои байнипарлумонӣ барои густариши ҳамкориҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Подшоҳии Муттаҳидаро таъкид кардааст.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Британия 15-уми январи соли 1992 барқарор шуданд.
Бори аввал, моҳи апрели соли 2024 Дэвид Кэмерон, вазири вақти корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир дарр доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омад ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот карда буд.
Тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳаҷми умумии гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2024 зиёда аз 12 миллион доллари ИМА арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Лондон Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон — дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар, иштирок карданд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)