< Оғози сабтиноми довталабон дар Маркази миллии тестӣ. Дар куҷо метавон ҳуҷҷат супорид ва бақайдгирӣ чанд пул аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оғози сабтиноми довталабон дар Маркази миллии тестӣ. Дар куҷо метавон ҳуҷҷат супорид ва бақайдгирӣ чанд пул аст?

Оғози сабтиноми довталабон дар Маркази миллии тестӣ. Дар куҷо метавон ҳуҷҷат супорид ва бақайдгирӣ чанд пул аст?
​Аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки имсол дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру навоҳии дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил шудааст.

Бо суроғаи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар ин пайванд метавонед шинос шавед.

Бояд гуфт, бақайдгирӣ дар ИМД дар 4 давра ва дар замони гуногун мегузарад.

Даври дуюми он аз 10 то 30-юми июн баргузор хоҳад шуд ва дар он довталабоне, ки дар даври аввал сабтином нашудаанд, метавонанд иштирок кунанд.

Даври сеюми бақайдгирӣ танҳо барои ҷойҳое, ки баъди ду давр холӣ мондаанд, баргузор мешавад. Он аз 29-уми август оғоз шуда то 10-уми сентябр идома меёбад.

Ва даври чорум танҳо барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил дар доираи ҷойҳои холӣ аст, ки аз 2 то 20-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дилхоҳ сокини Тоҷикистон новобаста аз шаҳрвандӣ, ки хатмкарда ё хатмкунандаи синфҳои 9 ва 11-и мактаби миёна, муассисаҳои ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон ва ё хориҷ аз он аст, метавонад иштирок кунад.



Бояд дар хотир дошт, ки сабтином дар Маркази миллии тестӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ пулакӣ аст. Арзиши бақайдгирӣ барои хатмкарда ва хатмкунандагони синфи 11, муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  370 сомонӣ ва барои хатмкардаву хатмкунандаҳои синфи 9-ум 320 сомонӣ аст.

Иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ихтиёрист ва ҳеҷ кас наметавонад хатмкунандагонро ба ҳуҷҷатсупорӣ маҷбур кунад. Ҳамчунин, касе пеши роҳи ҳуҷаатсупории хоҳишмандон набояд бошад.

Аммо, ҳар сол бо оғози бақайдгирии довталабон ба ИМД, шикоятҳо аз маҷбуркунӣ дар баъзе макотиб барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ расонаӣ мешаванд.

Намояндагони ММТ мегӯянд, агар чунин ҳолат рӯй дод ва шумо бидуни хоҳиши худ аз қайди ММТ гузаштед, метавонед бо ариза ба марказ муроҷиат кунед. Пас аз санҷиши ариза хароҷоти раванди бақайдгирӣ дар ҳаҷми 30 сомонӣ нигоҳ дошта шуда, боқимондаи маблағ баргардонида мешавад.

Сабаби ҳуҷҷатсупории иҷбориро коршиносон ба коҳиши хоҳишмандони шомилшавӣ дар донишгоҳҳо рабт медиҳанд.
Аммо соли гузашта Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ ба «Азия-Плюс» сабаби аслии кам шудани довталабонро дар се соли охир ба коҳиши хатмкунандагон дар мактабҳо маънидод кард.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2023 теъдоди хамткунандагони синфи 11-ум 105 ҳазору 839 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 13 ҳазору 853 нафар (13%) камтар аст.

Номбурда илова кард, ки дар се соли охир теъдоди ками хатмкунандагони мактабҳо ба ММТ номнавис мешаванд: соли 2020 — 87,5 дарсад, соли 2022 — 73 дарсад, соли 2023 — 66 дарсад.

Аммо коршиносон сабаби асосии кам шудани довталабонро ба тартиби нави ҷалби ҷавонон ба артиш рабт медиҳанд ва мегӯянд, чун ҳамакнун даъвати магистрантҳо низ ба хидмати ҳарбӣ имконпазир шуд ва дар баъзе донишгоҳу донишкадаҳои кафедраҳои ҳарбӣ баста шуданд, омили таҳсил дар донишгоҳ барои фирор аз артиш дигар кор намедиҳад.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий