Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар ҷаласаи шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Оид ба баргардондани лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Идомаи маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар вилояти Хатлон, марҳилаи 2», даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ва ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум» пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)