< Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи ҳамкорӣ дар марҳалаи нави рушд изҳори омодагӣ  карданд.

Меҳвари асосии дидорро таҳкими робитаҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ташкил намуд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои муштарак фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории байнисоҳавиро тавсеа дода, табодули таҷриба ва барномаҳои таълимиву фарҳангиро густариш диҳанд.

Ҳамзамон тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармояро баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки истифодаи иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ метавонад ба манфиати ҳарду мамлакат хизмат кунад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий