Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Зимни вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири саноат, маъдан ва савдои Эрон Сайид Муҳаммад Аттабак масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, вазири Эрон бо ин мақсад рӯзи 17 апрел ба Душанбе ташриф овард.
Шералӣ Кабир таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо дар саноати кимиё, содироти пахта ва истифода аз бозори Эрон омода аст.

Вазири саноати Эрон низ омодагии кишварашро ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол изҳор дошта, зикр кард, ки Эрон дар соҳаҳои саноати истихроҷӣ кӯҳӣ, коркарди захираҳои минералӣ, дорусозӣ ва саноати нассоҷӣ имкониятҳои зиёд дорад.
Ҷонибҳо зарурати суръат бахшидан ба амалисозии созишномаҳои имзошуда ва бартараф намудани монеъаҳои маъмуриро баҳри расидан ба натиҷаҳои мушаххас дар фаъолияти муштарак таъкид доштанд.
Қобили зикр аст, ки Эрон ба панҷгонаи кишварҳои асосии шарики тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон дохил мешавад.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар аз 377,7 млн доллар дар соли 2024 то ба 483,9 млн доллар дар соли 2025 зиёд шудааст, яъне ба маблағи 106,2 млн доллар ё худ ба андозаи ҳудуди 28%.
Дар соли 2025 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Эрон 112,8 млн доллар ва воридот аз Эрон — 371,2 млн долларро ташкил додааст.
Аз Эрон ба Тоҷикистон аксаран маҳсулоти нафту кимиё, масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хӯрокворӣ содир мегардад.
Ҳамчунин полимерҳо, аз ҷумла полиэтилени навъҳои гуногун, инчунин сементи портланд ва клинкер (масолеҳи сохтмон) низ ҳиссаи назаррас доранд.
Содирот аз Тоҷикистон ба Эрон асосан ба маҳсулоти ашёи хом рост меояд: нахи пахта, ришта (калоба)-и пахтагину коғазӣ, алюминии аввалия ва дигар ашёи хом.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)