< Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявӣ мерасонад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявӣ мерасонад

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявӣ мерасонад
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявии маводи хӯрокӣ дастрас менамояд. 

«Ин кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд расонида шуда, 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг нахӯд ва дигар маҳсулоти хӯрокиро дар бар мегиранд», — афзуд манбаъ.

Кумакҳои мазкур ба шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Хуҷанд, Варзоб, Рўдакӣ, Шаҳринав, Восеъ, Темурмалик, Данғара, Вахш ва Панҷ равона карда шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур оғози тақсимоти кумакҳоро 27 апрели соли равон аз ноҳияи Рўдакӣ ба роҳ мондааст. То 10 майи соли равон тибқи нақшаи муқарраргардида, кумакҳои башардўстона ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мақсаднок дастрас карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайриявию башардўст баҳри дастгирии табақаи ниёзмандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий