< Дар Душанбе китоби «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» ба нашр расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе китоби «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» ба нашр расид

Дар Душанбе китоби «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» ба нашр расид
Нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китоби «Паёми Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ»-ро ба нашр расонид.
Ба муносибати 25-со­лагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асари илмии му­ҳақ­қиқи ҷавон – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сай­нозимзода бо номи «Паёми Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» дар нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душганбе аз чоп баромад.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, асари мазкур на­ти­ҷаи омӯзиш, пажӯҳиш ва тадқиқоти илмии чандинсолаи муаллиф мебошад, ки оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон «Дар бораи самт­ҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Тавре муҳаррири масъули китоб, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтовар Сафарзода  менависад: «Омӯзиш ва таҳлили ин рисолаи воқеан ҳам пурарзиш далолат бар он мекунад, ки муаллиф мав­зӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хо­ри­­ҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷи­­кистонро аз назари илми ҳуқуқ хеле моҳиро­на ба риштаи таҳлил ва пажӯҳиш кашида, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкор ва на­зарҳои созандаву пурҳикмати ҳуқуқши­но­со­ни ватанӣ ва хориҷӣ ба таври фаровон истифода намудааст».

Бояд гуфт, ки дар китоб моҳияти Паёми Президенти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва андешаҳои умумибашариву инсонмеҳваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зим­ни ироаи паёмҳояшон баён доштаанд, аз назари илмӣ шарҳ дода шудааст.

«Аса­р метавонад дар самти дақиқ омӯхтан ва воқиф гардидани ҳар шахс аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳу­қу­қии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва таҷрибаи ҷаҳонии паём­ҳои сарварони давлат ба парламент дар дигар мам­ла­катҳои ҷаҳон мусоидат намояд»,- илова намуд манбаъ.

Китоби мазкур барои истифода ба муҳаққиқону унвонҷӯёни риштаи ҳуқуқ ва дигар қишрҳои ҷомеа тавсия дода мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий