Гирдиҳамоӣ дар назди дарвозаҳои ширкати "Фароз" - (НАВОР)
Даҳҳо нафар аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи “Фароз” шираи камол мефурухтаанд, дар назди идораи ин ширкат ҷамъ омада ва хостори бознигарии қарордодҳояшон шудаанд.Мақомоти ширкати "Фароз" алҳол ин гирдиҳамоиро дар назди дарвозаҳои худ шарҳ надодааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки шоҳиди ҳузури коргарон дар ин назди яке аз дафтарҳои “Фароз” дар шаҳри Душанбе шуданд, мегӯянд, чанд мошини милиса ҳам инҷо омада ва аз коргарон хостаанд, ки пароканда шаванд.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/04/9/94/94ebbde2-a3bf-4c82-9df8-15da650b456c_manifest.mpd]
Яке аз ин коргарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати “Фароз” аз онҳо хостааст, ки ё бо қимати 10-долларӣ ҳар кило шираи камолро ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.
Дар видеоҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид дида мешавад, ки мардуми асабонӣ дар яке аз ин маҳаллаҳо аз Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯянд, ки “барои чӣ одамони моро савор карда мебаред”. Зоҳиран онҳо ба боздошти чанде аз коргароне ишора мекунанд, ки барои расонидани шикоят ба дари ширкати "Фароз" омадаанд.
"Фароз" ва ҳам Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар бораи ҷамъ омадани мардум дар назди дари ширкат то кунун шарҳе надодаанд.
“Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад.
Ширкати “Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаҳоро дар бар мегирад. Ин ширкат тиҷораташро дар арсаи тиб аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард, ки барои истеҳсоли чандин навъи доруҳо ашёи хом ба ҳисоб меравад.
Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона(OCCRP)дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назоратро бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар дар ихтиёр дорад.
Вале дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат он замон ба ин гузориш ҳеҷ вокунише накард.
Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/tajik-protests-presidents-relatives-company/29910151.html
Комментарии (0)