Чаро фейкҳои шабакаҳои иҷтимоиро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ ва дастгир намекунанд?
Ба сомонаи иттилоотии “Hamsinf” тӯли чанд рӯз аст, ки сокинони кишвар тариқи барномаи “Вайбер” муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, то ки як мақолае “оид ба ҷавобгарӣ кашида шудани истифодабарандагони саҳифаҳои сохташуда ва ё бо ном “фейкҳо” омода ва ба нашр расонем.
Ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин аккаунтҳои фейкӣ нисбати ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ - Шаҳло Иброҳимова ва Дилноза Муҳиддинова берун аз арзишҳои ахлоқӣ шаъну шарафи онҳоро паст зада, занони фаъолро таҳқир мекунанд ва аз нуқтаи назари арзишҳои хонаводагӣ онҳоро беобрӯ месозанд ва ҳатто шахсони ношиносе ба онҳо занг зада, бо ҳар роҳу баҳона таҳдид менамоянд.
Фаъолони ҷомеа мегӯянд, ки онҳо барои ҷамъоварии имзо зидди болоравии нархи интернет ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои фейкӣ шуданд. Акси онҳо бо роҳи сохтакорӣ дигаргун карда шуда, тариқи саҳифаҳои гуногун бо навиштаҳои тунду фаҳш нашр шуданд. Аммо як гурӯҳ сокинони кишвар чунин андеша доранд, ки истифодабарандагони саҳифаҳои фейкӣ ба мақомот наздик мебошанд, вале то ҳол ягон нафар аз сокинон алоқамандии саҳифаҳои фейкиро бо ягон сохтору идораҳои давлатӣ собит накардаанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки вақтҳои охир теъдоди саҳифаю гурӯҳҳои фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда истодааст, ки дар сурати пешгирӣ накардани чунин амалҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фейкҳо дилхоҳ сокинони кишварро метавонанд мавриди ҳамлаи иттилоотӣ қарор диҳанд.
Коршиносон мегӯянд, ки дар аксари кишварҳои пешрафта бар зидди фейкҳо ва саҳифаҳои сохташуда як меъёрӣ муайяни ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст, ки дар сурати муроҷиати сокинон ба мақомоти дахлдор истифодабарандаи “фейк” таъҷилан муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
Бо назардошти чунин вазъият, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба кирдорҳои саҳифаҳои сохташуда ва ё бо ном “фейк” чораҳои дахлдорро андешанд. Ҳамзамон аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват менамоем, ки дар сурати таҳти ҳамла қарор гирифтан аз ҷониби гурӯҳу саҳифаҳои фейкӣ тариқи почтаи электронӣ ва барномаҳои “Вайбер”, “Ватсап” ва “Имо” ба суроғаи сомонаи иттилоотии “Hamsinf” муроҷиат намоянд, то ки хоҳиши онҳо ба ҷомеа расонда шавад.
Хабар, акс ва видеои худро тариқи Вайбер ва имо ба мо ирсол намоед: +7 (929) 56 83 770
Комментарии (1)