< “Ҳафтае пеш аз зиндон ба ҷанг бурданд”. Боз як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуд, ба хок супурданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ҳафтае пеш аз зиндон ба ҷанг бурданд”. Боз як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуд, ба хок супурданд

“Ҳафтае пеш аз зиндон ба ҷанг бурданд”. Боз як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуд, ба хок супурданд
Абдумуталиб Аюбов, як зодаи Тоҷикистон, ки ба қавли ҳамдеҳагонаш, чанд сол дар Русия буд ва баъди як садамаи маргбор бо иштироки ӯ, ба зиндон андохта шуд, ҳафтае пеш ба ҷанги Русия алайҳи Украина ҷалб ва кушта шудааст.

Ҷанозаи Абдумуталиби 27-соларо дирӯз, 3-юми ноябр, дар зодгоҳаш деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич хонданд ва ба хок супурданд.

Талошҳо барои тамос ва суҳбат бо пайвандони Абдумуталиб бесамар анҷомид. Падарӣ ӯ ба зангҳои пайвастаи мо посух надод. Аммо раиси деҳа ва ҳамсояҳои Абдумуталиб аз қавли пайвандони ӯ баъзе ҷузъиёти қазияро ошкор карданд.

Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда аз қавли пайвандони Абдумуталиб гуфт, ки “ин ҷавон пас аз хатми мактаб ба муҳоҷирати корӣ рафт, вале чанде пеш ба маҳбас афтод”.

“Бо иштироки ин ҷавон садаи нақлиётӣ рух медиҳад ва як нафар кушта мешавад. Аммо садама кай шудааст ва Абдумуталиб барои чанд сол равонаи зиндон шудааст, бароям номаълум аст”, - гуфт Ғафуров.

Ӯ бо такя ба гуфтаи пайвандони ин ҷавон зикр кард, ки “Абдумуталиб Аюбовро ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зиндони Русия ба ҷанги зидди Украина бурдаанд”.

“Ҷанг равӣ аз маҳбас озод мешавӣ, гуфта ваъда додаанд. Ӯ бовар карда шартнома бастааст, вале рӯзи гузашта ҷасадаш омад”, - таъкид кард Ғафуров.

Фарҳод Мавлонов, муаллими мактаби №7 деҳаи Басманда, ки ба Абдумуталиб дарс додааст, гуфт, ки “дар замони таҳсил ин ҷавон коре хилофи қонун накарда буд. Зиндагӣ маҷбур кард, ки ба муҳоҷират равад. Намедонам онҷо чӣ шуд, аммо рӯзи гузашта Абдумуталибро ба хок супоридем”.

Чанде аз ҳамсояҳои Абдумуталиб гуфтанд, ки “давоми 7-8 соли охир, пас аз хатми мактаб як бор ба деҳа омад, дигар касе ӯро надида буд”.

“Падару модараш аз ҳам ҷудо шудаву Абдумуталиб бо модарандараш ба воя расид. Бачаи хуб буд ва марги ӯ моро шигифтзада кард”, - гуфт яке аз ҳамсояҳои ин ҷавони кушташуда.

Санҷишу тасдиқи ин гуфтаҳо аз манобеи расмӣ барои “Азия-Плюс” ғайриимкон аст.

Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани шаҳрванди худ дар ҷанги Русия алайҳи Украинаро расман шарҳ надодаанд. Мақомоти Русия ҳам дар аксар ҳолат ҳуввият ва теъдоди кушташудагони ҷанги худ дар Украинаро шарҳ намедиҳанд.

Абдумуталиб Аюбов аввалин зодаи Тоҷикистон нест, ки дар ҷанги Русия дар Украина ширкат кардаву кушта шудааст.

Охири моҳи сентябр расонаҳо аз кушта шудани Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина хабар доданд. Сумая Саидова, ҳамсари Исломиддин Раҳматов, ки ҳоло ба Тоҷикистон баргаштааст, ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ тавр шавҳараш ба артиши Русия пайваст ва кушта шуд.

Шабакаи телевизионии “Al Jazeera” рӯзи 8-уми октябр дар сомонааш саргузашти шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Муҳаммад навиштааст, ки дар ҷанги Русияву Украина ширкат карда, асир афтодааст. Ӯ гуфтааст, зери шиканҷа ва иҷборан бо артиши Русия шартнома ба имзо расонида, ба ҷанг фиристода шудааст.

Дар ин миён ҳолатҳое ҳам расонаӣ шуд, ки теъдоде барои пули бештар ва ё шаҳрвандиву раҳоӣ аз зиндон, ки мақомоти Русия пайваста тарғиб мекунанд, бо артиши ин кишвар шартнома имзо мекунанд.

Тарҳи “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”), лоиҳа давлати Украина, ки ба ҷамъоварии омори ҷанг машғул аст, моҳи апрели имсол номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий