Тоҷикистон ва Русия ба маблағи 150 млн доллар кластери пахта таъсис медиҳанд
Кластери бузурги саноати сабук бо иштироки консорсиуми БТК-и Русия, ки дар Тоҷикистон сохта мешавад, то 10 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда, ба имконоти содиротии кишвар таҳким мебахшад. Лоиҳа бо арзиши 150 млн доллар силсилаи пурраи истеҳсол - аз парвариши пахта то дӯхтани либосро дар бар мегирад.
Анҷоми лоиҳа то соли 2035 пешбинӣ гардида, дар се марҳила амалӣ мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ на камтар аз 150 млн долларро ташкил дода, 30 млн доллар ба марҳилаи аввал то соли 2028 равона мешавад. Сохтмон ва навсозии фабрикаҳо, иншооти зерсохтор ва азхудкунии 15 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст.
Ба сармоягузорон имтиёзҳои ҳуқуқӣ ва андозӣ, аз ҷумла реҷаи соддашудаи раводид барои мутахассисон пешниҳод мешавад. Дар лоиҳа таъсиси то 10 ҳазор ҷойи корӣ, афзоиши содирот ва болоравии ҳиссаи саноати сабук дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар назар аст.
Созишномаи сармоягузорӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Дар марҳилаи аввал (солҳои 2025-2027) азхудкунии 5 ҳазор гектар замин дар минтақаҳои Кӯлобу Вахш ба нақша гирифта шуда, то соли 2035 масоҳати он то 15 ҳазор гектар зиёд карда мешавад. Обёрии қатрагӣ ва технологияҳои сарфаи барқ ҷорӣ карда мешаванд. Ҳамасола дар дохили кишвар то 50 ҳазор тонна пахтаи хом мавриди коркард қарор мегирад. Даромади умумӣ аз самти пахтакорӣ дар зарфи 10 сол ба зиёда аз 1,2 млрд доллар расида, дар ҳамин ҳол, беш аз 60%-и маҳсулот ба хориҷи кишвар содир мешавад.
Корхонаҳои истеҳсоли ришта (калоба) то иқтидори 50 ҳазор тонна ришта ва даромади 700 млн доллар дар як сол расида, то 70%-и маҳсулот ба хориҷи кишвар интиқол меёбад.
Самти нассоҷӣ даромади беш аз 800 млн долларро таъмин карда, ҳиссаи маҳсулоти содиршаванда ба ҳудуди 65% мерасад.
Маҷмааи дӯзандагӣ силсилаи истеҳсолотро ба охир мерасонад. Солҳои 2028-2029 ба истифода додани хатҳои дӯхтани либоси мардона ва занона бо даромади 15-25 млн доллар пешбинӣ мешавад. Солҳои 2030-2032 истеҳсоли сарулибоси махсус ва либоси мактабӣ бо даромади 90-110 млн доллар дар назар аст. Давоми солҳои 2033-2035 корхонаҳо то сатҳи иқтидори лоиҳавӣ расида, 250 млн доллар даромадро дар як сол таъмин мекунанд. То соли 2035 даромад аз бахши дӯзандагӣ зиёда аз 1 млрд долларро ташкил дода, ҳиссаи маҳслуоти содиротӣ то ҳудуди 70% мерасад.
Дар созишномаи сармоягузорӣ чӣ пешбинӣ шудаст?
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи созишомаи сармоягузориро бо консорсиуми БТК-и Русия дар бораи таъсиси кластери саноати сабуки силсилаи пурраи истеҳсол - аз парвариши пахта то дӯхтани либос маъқул шуморид.Анҷоми лоиҳа то соли 2035 пешбинӣ гардида, дар се марҳила амалӣ мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ на камтар аз 150 млн долларро ташкил дода, 30 млн доллар ба марҳилаи аввал то соли 2028 равона мешавад. Сохтмон ва навсозии фабрикаҳо, иншооти зерсохтор ва азхудкунии 15 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст.
Ба сармоягузорон имтиёзҳои ҳуқуқӣ ва андозӣ, аз ҷумла реҷаи соддашудаи раводид барои мутахассисон пешниҳод мешавад. Дар лоиҳа таъсиси то 10 ҳазор ҷойи корӣ, афзоиши содирот ва болоравии ҳиссаи саноати сабук дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар назар аст.
Созишномаи сармоягузорӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Силсилаи пурраи истеҳсолот: аз пахта то либоси тайёр
Мвофиқи арзёбии техникиву иқтисодӣ, даромади интизоридошта аз лоиҳа дар соли 2035 ҳудуди 2,9 млрд доллар дар назар аст, ки 400 млн доллар барои парвариши пахта, 700 млн доллар - ба истеҳсоли ришта (калоба), 800 млн доллар - ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва зиёда аз 1 млрд доллар - ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ равона мешавад.Дар марҳилаи аввал (солҳои 2025-2027) азхудкунии 5 ҳазор гектар замин дар минтақаҳои Кӯлобу Вахш ба нақша гирифта шуда, то соли 2035 масоҳати он то 15 ҳазор гектар зиёд карда мешавад. Обёрии қатрагӣ ва технологияҳои сарфаи барқ ҷорӣ карда мешаванд. Ҳамасола дар дохили кишвар то 50 ҳазор тонна пахтаи хом мавриди коркард қарор мегирад. Даромади умумӣ аз самти пахтакорӣ дар зарфи 10 сол ба зиёда аз 1,2 млрд доллар расида, дар ҳамин ҳол, беш аз 60%-и маҳсулот ба хориҷи кишвар содир мешавад.
Корхонаҳои истеҳсоли ришта (калоба) то иқтидори 50 ҳазор тонна ришта ва даромади 700 млн доллар дар як сол расида, то 70%-и маҳсулот ба хориҷи кишвар интиқол меёбад.
Самти нассоҷӣ даромади беш аз 800 млн долларро таъмин карда, ҳиссаи маҳсулоти содиршаванда ба ҳудуди 65% мерасад.
Маҷмааи дӯзандагӣ силсилаи истеҳсолотро ба охир мерасонад. Солҳои 2028-2029 ба истифода додани хатҳои дӯхтани либоси мардона ва занона бо даромади 15-25 млн доллар пешбинӣ мешавад. Солҳои 2030-2032 истеҳсоли сарулибоси махсус ва либоси мактабӣ бо даромади 90-110 млн доллар дар назар аст. Давоми солҳои 2033-2035 корхонаҳо то сатҳи иқтидори лоиҳавӣ расида, 250 млн доллар даромадро дар як сол таъмин мекунанд. То соли 2035 даромад аз бахши дӯзандагӣ зиёда аз 1 млрд долларро ташкил дода, ҳиссаи маҳслуоти содиротӣ то ҳудуди 70% мерасад.
Комментарии (0)