Мақомоти тафтишот роҳбарони амали террористиро дар “Крокус” ошкор кард
Мақомоти тафтишот шахсияти роҳбарони созмони террористиро, ки иштирокчиёни он дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорски вилояти Маскав даст ба амали терроистӣ заданд, муайян кард. Ба иттилои ТАСС, тавре ки аз маводи парванда бармеояд, инҳо А.И.Беков ва А.М.Ҳикматов мебошанд. Шаҳрвандии кадом кишварро доштани онҳо зикр нашудааст.
Аз 1 июни соли 2023 то 5 марти соли 2024 онҳо иштирокчиёни гурӯҳи террористиро ба содир намудани амалҳои террористӣ дар Маскав ва Каспийск (пешгириаш муяссар шуд) омода мекардаанд. Онҳо пайравони афкор (идеология)-и террористиро, ки ба созмони мамнӯъи “Вилояти Хуросон” (шохаи афғонистонии “Давлати исломӣ”) савганд ёд кардаанд, ба гурӯҳ ҷалб кардаанд.
Дар маводи парванда гуфта мешавад, созмони террористии таъсисёфта аз ҷониби Беков ва Ҳикматов аз якчанд шохаҳои сохторӣ бо ҳадафи содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба хотири бесубот кардани вазъият дар Русия созмон дода шудааст. Дар маводи парванда шахсони номаълум бо лақабҳои Сайфулло, Ахӣ, Талхӣ ва Абӯмискин низ аз ҷумлаи роҳбарон номбар мешаванд.
Иштирокчиёни гурӯҳи “Вилояти Хуросон”, аз ҷумла онҳое, ки ба “Крокус Сити Холл” ҳамла карданд, дар Туркия таълим гирифтаанд. Онҳо тариқи Telegram ва форумҳо дар интернет, ки миёни шахсони дорои афкори тундгаро маъруф буданд, ҷалб шудаанд.
Зикр мегардад, ки дар давраи аз 1 июни соли 2023 то 22 марти соли 2024 иҷрокунандагони амали терроистӣ дар “Крокус” - Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов (бародари хурдии созмондиҳандаи амали террористӣ) дар қаламрави Туркия аз давраи таълиму омӯзиш гузаштаанд. Дар он ҷо онҳо тарзи рафтору муносибат бо силоҳи оташфишонро омӯхтаанд.
Мақомоти тафтишот муайян кардаанд, ки се нафар иҷрокунандагони бевоситаи амал - Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода пеш аз ҳамла маводи нашъаовар истеъмол кардаанд, ки тарсашонро гум кунанд. Дар хуни онҳо мефедрон ошкор шудааст. Танҳо хуни Фаридуни Шамсиддин, ки ба гуноҳаш пурра иқрор шуд, тоза будааст.
Силоҳро барои иҷрои амал иҷрокунандагон аз Доғистон гирифтаанд. Онро аз Қафқози Шимолӣ бо мошини дорои пинҳонгоҳ овардаанд. Бевосита пеш аз ҳамла онҳо чор сматрфони нав ва кордҳо барои ошхона харидаанд.
Дар вақти ҳамла онҳо бо 3 автомати Калашников ва 59 тирдон бо на камтар аз 1381 дона тир, таппончаи Макаров, 4 корди хоҷагӣ ва 5 шишаи дорои бензини автомашина мусаллаҳ будаанд.
Дар маводи парванда ҳамчунин зикр шудааст, ки пас аз ҳамла иҷрокунандагони он аз роҳбарони худ 135 ҳазор рубл пул гирифтаанд, ки ба корти бонкии Фаридуни Шамсиддин барои барои тарк кардани қаламрави Русия гузаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 август мурофиа додгоҳии парванда нисбат ба 19 нафар иштирокчиёни амали террористӣ оғоз мегардад.
Амали терроистии зикршуда рӯзи 22 марти соли 2024 дар Красногорски вилояти Маскав содир гардида, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Пас аз анҷоми амали террорисӣ 4 нафар иҷрокунандагон - шаҳрвандони Тоҷикистон - Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин кӯшиш карданд, ки фирор кунанд ва пинҳон шаванд, вале дар қаламрави вилояти Брянск боздошт ва ба Маскав интиқол дода шуданд.

“Барои ҳамоҳангсозии фаъолият байни иштиркчиёни “Вилояти Хуросон” ва роҳбарони он, таъмини онҳо бо манзил дар қаламрави Туркия бо мақсади анҷом додани фаъолияти террористӣ, созмондиҳандагони ҷиноят дар давраи аз 1 июни соли 2023 сол то 22 марти соли 2024 М.З.Файзови калониро сарвар таъин мекунанд. Файзов дар қаламрави Туркия вазифаи занҷираи алоқаи байни шахсони зикпршударо дар қаламрави Покистон ва Афғонистон иҷро мекардааст”, - гуфта мешавад дар маводи парванда.
Зикр мегардад, ки дар давраи аз 1 июни соли 2023 то 22 марти соли 2024 иҷрокунандагони амали терроистӣ дар “Крокус” - Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов (бародари хурдии созмондиҳандаи амали террористӣ) дар қаламрави Туркия аз давраи таълиму омӯзиш гузаштаанд. Дар он ҷо онҳо тарзи рафтору муносибат бо силоҳи оташфишонро омӯхтаанд.
Мақомоти тафтишот муайян кардаанд, ки се нафар иҷрокунандагони бевоситаи амал - Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода пеш аз ҳамла маводи нашъаовар истеъмол кардаанд, ки тарсашонро гум кунанд. Дар хуни онҳо мефедрон ошкор шудааст. Танҳо хуни Фаридуни Шамсиддин, ки ба гуноҳаш пурра иқрор шуд, тоза будааст.
Силоҳро барои иҷрои амал иҷрокунандагон аз Доғистон гирифтаанд. Онро аз Қафқози Шимолӣ бо мошини дорои пинҳонгоҳ овардаанд. Бевосита пеш аз ҳамла онҳо чор сматрфони нав ва кордҳо барои ошхона харидаанд.
Дар вақти ҳамла онҳо бо 3 автомати Калашников ва 59 тирдон бо на камтар аз 1381 дона тир, таппончаи Макаров, 4 корди хоҷагӣ ва 5 шишаи дорои бензини автомашина мусаллаҳ будаанд.
Дар маводи парванда ҳамчунин зикр шудааст, ки пас аз ҳамла иҷрокунандагони он аз роҳбарони худ 135 ҳазор рубл пул гирифтаанд, ки ба корти бонкии Фаридуни Шамсиддин барои барои тарк кардани қаламрави Русия гузаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 август мурофиа додгоҳии парванда нисбат ба 19 нафар иштирокчиёни амали террористӣ оғоз мегардад.
Амали терроистии зикршуда рӯзи 22 марти соли 2024 дар Красногорски вилояти Маскав содир гардида, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Пас аз анҷоми амали террорисӣ 4 нафар иҷрокунандагон - шаҳрвандони Тоҷикистон - Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин кӯшиш карданд, ки фирор кунанд ва пинҳон шаванд, вале дар қаламрави вилояти Брянск боздошт ва ба Маскав интиқол дода шуданд.
Комментарии (0)