< Як сокини Истаравшан барои куштори хоҳараш бо 9 зарби корд 23 сол равонаи зиндон шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Як сокини Истаравшан барои куштори хоҳараш бо 9 зарби корд 23 сол равонаи зиндон шуд

Як сокини Истаравшан барои куштори хоҳараш бо 9 зарби корд 23 сол равонаи зиндон шуд
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини 38-солаи шаҳри Истаравшанро ба куштори хоҳарбузургаш ва қасди куштори “хушдор”-и ӯ гунаҳкор дониста, 23 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Шуҳрат Муҳаммадназарӣ, додраси ин додгоҳ хабар дода гуфт, ки ҳукм рӯзи 11-уми июн содир шуд.

Манбаъ аз ин мард Ҳукмиддин Салоҳиддинов, сокини ҷамоати Гули сурхи шаҳри Истаравшан ном бурд ва гуфт, ки ӯ, хоҳарбузургаш Шодиой Салоҳиддиноваро бо зарби 9 корд ба қатл расонида, Шаҳзод Раҳимови 30-сола, марде, ки ба гуфтааш, бо хоҳараш муносибат дошт, захмӣ кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса 26-уми августи соли гузашта дар хонаи саҳроӣ рух дода, Салоҳиддинов бо мақсади муҳокимаи муносибати хоҳараш бо Шаҳзод Раҳимов хоҳарашро ба мавзеи мазкур бурда, ӯро бо 9 зарби корд ба ҳалокат мерасонад.

“Гумонбаршуда махсус ин макони хилвати аз чашми мардум дур воқеъбударо интихоб мекунад, то бо Шаҳзод Раҳимов муносибати ошиқона доштани хоҳарбузургашро муҳокима намояд. Аммо баҳси лафзӣ миёни апаву додар ба фоҷеаи хунин анҷомидааст” – зикр мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Манбаъ гуфт, ки худи ҳамон рӯз, 26-уми август Ҳукмиддин Салоҳиддинов ба Шаҳзод Раҳимов телефон карда, ӯро ба назди Бозори марказии шаҳри Истаравшан даъват мекунад. Баъди сӯҳбати кӯтоҳ бо корд ба гардани Шаҳзод Раҳимов мезанад ва Раҳимов захмӣ мешавад.

Мард бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ куштор (моддаи 104) ва сӯиқасд ба ҷиноят (моддаи 32) гунаҳкор дониста шуд.

Назари Салоҳиддинов ва наздикони ӯ ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Вале қаблан, ӯ дар як навори РВКД дар вилояти Суғд, ки ин ҳодисаро нақл мекард, гуфт, ки “аз сабаби муносибати наздики “дӯстӣ” доштани онҳо оилаи хоҳарам вайрон шуд ва шавҳараш ӯро талоқ дод. Ман пеши худ мақсад гузоштам, ки он ҷавонро ҷазо диҳам”.
Таҳти чӣ шароит сабт шудани гуфтаҳои мард маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки  куштори хонаводагӣ, хоса куштори ҳамсар аз дасти шавҳар  дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳамасола даҳҳо нафар барои куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳгор  ва ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон мешаванд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки бо чӣ далелҳо теъдоди куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон афзудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий