< Баъди нигаронии муовини вазири маориф. Ҳукумати Хатлон мегӯяд, барои таъмири боғчаву мактабҳо беш аз 65 млн сомонӣ ҷудо шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Баъди нигаронии муовини вазири маориф. Ҳукумати Хатлон мегӯяд, барои таъмири боғчаву мактабҳо беш аз 65 млн сомонӣ ҷудо шудааст

Баъди нигаронии муовини вазири маориф. Ҳукумати Хатлон мегӯяд, барои таъмири боғчаву мактабҳо беш аз 65 млн сомонӣ ҷудо шудааст
Дар пайи нигаронии муовини вазири маориф ва илми кишвар дар бораи ҷудо накардани маблағҳо барои сарфу харҷи мактабҳо, ҳукумати вилояти Хатлон хабар дод, ки аз ҳисоби буҷети ҳамаи шаҳру навоҳӣ барои таъмири боғчаву мактабҳо беш аз 65,4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳафтаи гузашта, Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм нигаронӣ карда буд, ки бархе ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда барои хонандагон ва сарфу харҷ, аз ҷумла таъмири мактабро ҷудо намекунанд.

Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то 23-юми июни соли 2025 аз маблағи ҷудогардида, беш аз 15,4 миллион сомонӣ ё 23% он аллакай, аз сӯи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ пардохт шудааст.

“То ба имрӯз аз буҷаи вилоят, ки 270 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, 134 ҳазор сомонии он пардохт шудаст. Дар миёни шаҳру навоҳӣ, ноҳияи Носири Хусрав аз ҳама бештар, аз беш аз 645 ҳазор сомонии пешбинишуда, беш аз 456 ҳазор, яъне 70%-и маблағҳоро барои таъмир дод. Ноҳияи Хуросон аз 2,2 миллион сомонии пешбинишуда, 1,4 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Ба ҳамин тартиб, шаҳри Бохтар 50,5%, ноҳияи Фархор 46,7%, Данғара 40.8%, Шамсиддини Шоҳин 37%, Вахш 38,8% Ҷалолиддини Балхӣ 34,8, Кӯшониён 32,2%, Дӯстӣ 29,2%, Балҷувон 32,7% маблағҳои пешбинишудааро ҷудо кардаанд”- илова кард Бобоназар Давлатов.

Ӯ гуфт, ки шаҳри Левакант ва ноҳияи Муъминобод то имрӯз ягон сомонӣ барои таъмир ҷудо накардаанд. Ҳарчанд ба таъкиди вай, дар буҷаи шаҳри Левакант 891 ҳазор ва дар буҷаи Муъминобод 382 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба қавли Бобоназар Давлатов таъмири муассисаҳои таълимӣ тоза шуруъ шуда, то моҳи август идома меёбад ва давра ба давра маблағҳои пешбини шуда ба муассисаҳои таълимӣ дода мешавад.

“Маблағҳо дар қисми харароҷоти буҷети ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардидааст ва то муҳлати муайяншуда хароҷот хоҳанд шуд. Инҷо аз худи мудирони муассисаҳо ва сармуҳосибони онҳо низ вобаста аст. Онҳо мувофиқи сметаи хароҷотияшон ки онҷо маблағ барои таъмир пешбинӣ шудааст, дархост мекунанд ва раёсатҳои молия маблағи дархостшударо ба суратҳисобҳояшон интиқол медиҳад”, - шарҳ дод ӯ.

Ин дар ҳолест, ки 10 рӯз пеш, Бадриддин Музаффарзода бо такя ба қонунгузорӣ таъкид карда буд, ки таъмиру сохтмони мактабҳо вазифаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо аст, вале бархе онро ҷудо намекунанд ва меъёри қонунгузорӣ дар ин самтро вайрон мекунанд.

Вале ӯ мушаххас нагуфта буд, ки ҳукуматҳои кадом шаҳр ё ноҳия ба мактабҳо маблағи пешбинишударо ҷудо накардаанд.

Ҳамасола дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо доғ мешавад.

Қаблан Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз масъулини мактабҳо хоста буд, ки барои таъмири мактабҳо аз волидони хонандагон маблағ ҷамъ накунанд.

Вале бо ин вуҷуд падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо ба хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр карда, маблағро пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо ва ҷамъи иҷбории маблағ аз хонандагон дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий