Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон меравад
Дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди Ӯзбекистон мешавад.
Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар як матлабе бахшида ба равобити кишварҳо, ки дар "Ховар" нашр шуд, хабар додааст.
Ба иттилои Раҳмонзода, дар назар аст, ки сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рӯзҳои наздик доир шавад, аммо то кунун санаи дақиқи он мушаххас нест.
Сафири Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин сафар масъалаҳои ҳамкорӣ боз ҳам васеъ баррасӣ мешаванд ва равобити дӯстона ҳар чи зиёдтар таҳким меёбанд.
Ҳамзамон дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар Душанбе ҷаласаи 9-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир шуд, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоду тиҷорат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки ахиран суҳбати телефонии сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба муносибати Иди мубораки Фитр доир шуда буд.
Дар ин суҳбат Шавкат Мирзиёев аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ аз Ӯзбекистон боздид кунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар аҳди Шавкат Мирзиёев рӯ ба рушд ниҳода, феълан дар ҳамаи ҷанбаҳо равнақ ёфта истодаанд.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)