Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барои анҷом додани сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазир ва дигар мақомдорони давлатӣ гусел намуданд.
Дар сафар ба Маскав раисҷумҳури Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи ин сафар интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии ин созмон иштирок намояд.
Инчунин мулоқоту музокироти дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои узв пешбинӣ шудааст.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)