Аз оғози кишти пахта то ифтитоҳи биноҳои нав: сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Леваканту Кӯшониён
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва Кушониёни вилояти Хатлон чандин иншооти навро ифтитоҳ карду ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Кооперативи тиҷоратии “Боҳтуробод”-и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти кишвар.
Қайд карда шудааст, ки кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Боҳтуробод” дар ҳудуди деҳоти “Гулистон” аз хоҷагиҳои калонтарин ва серсоҳа маҳсуб ёфта, ҳамасола дар хоҷагӣ дар майдони умумии 244 гектар пахта, сабзавот аз ҷумла картошкаву пиёз, ҷуворимакка ва ғалладона кишт карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки қабл аз оғози мавсими кишти баҳории пунбадона Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи тухмии зироатҳо, кӯчати помидору бодиринг, сабзавоти тару тоза, гулҳои гуногун ва ғалладонагӣ шинос шуда, доир ба вусъат бахшидани мавсими кишти имсола дастуру супоришҳо дод.
Баъд аз боздиди намоишгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон бо ниятҳои накӯи фаровонии ҳосил ба кишти пунбадона ва мавсими кишту кори баҳорӣ оғоз бахшид.
Сипас роҳбариТоҷикистон ба сӯйи ноҳияи Кушониён равон шуд.
Дар ноҳияи Кӯшониён Президенти Тоҷикистон аз Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” боздид кард ва барои бунёди тутзор дарахт шинонданд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Кӯшониён раисҷумҳури Тоҷикистон Маркази таълимӣ — фароғатии кӯдаконро бо номи “Зарринтоҷ”-ро ифтитоҳ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази таълимии навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Маркази таълимӣ аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар мудати 3 сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд карда шудааст.
Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯшониён бинои баландошёнаи истиқоматиро, ки аз 7 ошёна иборат мебошад, ба истифода дод.
Бояд қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои навро тақдим кард.
Ҳамзамон дар ошёнаи якуми ин бинои нави истиқоматӣ Президенти кишвар бо 150 нафар ятимону бепарасторон, ки аз 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омада буданд, суҳбату мулоқоти карда, барои онҳо дастархони идонаи Наврӯзи орост.
Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯдаконро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.
гуфта мешавад, ки туҳфаҳо, ки аз сару либос ва ширинӣ иборат буданд, боиси хушҳолии кӯдакон гардид.
Дар ҳаминҷо ба роҳбари кишвар лоиҳаи сохтмони бинои нави 9 ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохта мешавад, муаррифӣ гардид.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)