Дастури Эмомалӣ Раҳмон ба вазирон барои пардохти саривақтии нафақа
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба раҳбарони мақомоти дахлдор барои пардохти саривақтии нафақа дастуру супоришҳо додааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки дар маҷлис аз ҷумла, ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шудааст.
Онҳо иттилоъ додаанд, ки дар соли 2021 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 13 млрд. 722 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ба қавли масъулин, чунин нишондод дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва сифати корҳои назоратӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда даст додааст.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 114,0%, вилояти Хатлон – 106,3%, вилояти Суғд – 106,0%, шаҳри Душанбе – 103,0% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ дар маҷмуъ – 100,1% таъмин карда шудааст.
Пас аз шунидани гузоришҳои раҳбарияти мақомоти болозикр, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибати молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.
Президенти Тоҷикистон рӯзи 13 январ фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он андозаи нафақаи амалкунандаи ятимон ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шуд.
Ҳамчунин, аз якуми январи соли ҷорӣ маоши хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд шуд.
Ҳамзамон бо фармони роҳбари давлат аз якуми июли соли равон маоши ҳадди ақалли кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)