Оё ба супоришҳои Президенти кишвар Вазорати тандурустӣ ва беморхонаи "Истиқлол" итоат менамоянд?

Ба агентии иттилоотии "Ҳамсинф" як сокини шаҳри Душанбе, ки хост номаш ифшо нагардад, муроҷиати худро ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба кирдорҳои ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва коррупсионии роҳбарияти муассисаи давлатии беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ирсол намуд, ки муҳтавои он чунин аст: Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муроҷиат менамоям, ки сари роҳи ин бе сару сомоние, ки дар беморхонаи марказии шаҳри Душанбе Истиқлол дида мешавад чора ҷӯйи ва пешгири карда намоянд.
Дар ин беморхона чанд вақт пеш ҷиянамро бистарӣ намудем, аз аввал то ҷавоб додани ҷиянам ҳар рӯз аз ҳоли ӯ бо хабар мешудам , ва бо табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ ин табобатгоҳ сӯҳбат ва пурсони ҳолу аҳволи ӯ мешудам. Тақрибан дар муддати ду-дуюним ҳафтаи бистарӣ будани ҷиянам, бо хело навигариҳои тибби ва кору фаъолияти коргарони ин табобатгоҳ шиносоӣ пайдо намудам, ва фаҳмидам, ки дар ин табобатгоҳ тибқи фармони сардухтури ҚИСМИ 7-И ин марказ Саидов Ф, беморон ба табақаҳо ҷудо мешаванд.
Табақаи одди ва таъминоти махсус (ЛЮКС) яъне агар бемори шумо аз табақаи одди бошад, хизматрасони тибқи нишондод расонида мешавад, агар (ЛЮКС) бошад то 150 % таъминоти тиббӣ расонида мешавад. Бемороне, ки (ЛЮКС) мебошанд бо дигар ном (КОНТРОЛЬНЫЙ), ба онҳо ҳамаи намуди ёрии таъҷилии тиббии ҳама вақта 24/7 дар кадом ошёнае, ки онҳо бистарӣ шудаанд расонида мешавад.
Дар давоми сӯҳбатҳо бо ҳамшираҳо ва беморони ин табобатгоҳ суханрони намуда боз бо як навигарии дигар шинос шудам, мӯҳтарам сардухтури ҚИСМИ 7-И ин беморхона ҳар рӯз, вақти саҳаргоҳон, ба муддати ду-дуюним соат бо табибон маҷлиси 5-дақиқа (пятиминутка) мегузаронидааст, оё ин нишондод бо қароре, ки ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кам намудани чунин маҷлисҳо ва зиёд намудани кору фаъолият ба рафиқ Саидов тааллуқ надорад? ё ин ки рафиқ Саидов худ ин намуд қарорҳо мебарорад.
Дар ҳоле, ки он бояд панҷ-даҳ дақиқа гузаронида шавад, пас бармеояд ҷаноби Саидов аз пеши худ чунин нишондод қарор додаст. Аз ин ҳол худам боз як шароити бесоҳиб мондани беморон дар саҳаргоҳон ошкор намудам, дар ҳоле, ки табиб аввал ба кор омада аз ҳолу аҳволи бемор хабар шавад, ӯ якуним-ду соат лақ-лақи сардухтурро гӯш намуда баъд ба кору фаъолияти худ шурӯъ менамояд дар муддати ин вақт бо беморон ҳамшираҳои тиббӣ сарукор доранд.
Пас агар дар беморхонаи марказии шаҳри Душанбе (ИСТИҚЛОЛ) ин намуд табобат бошад, дар бораи дигар беморхонаҳо суханрони кардан илоҷ нест. Мӯҳтарам Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки назар ба сӯи ин масъала кунед ва ҳали ҷиддии онро бинед. Хуб мешуд бо тафтишот бо гурӯҳи махсус бе хабардор намудани коргарони ин беморхона меомадед, ва ҳалли ин масъаларо ба раёсати махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегузоштанд.
Сокини шаҳри Душанбе.
Комментарии (0)