Боз як хуршед моро тарк гуфт
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Раҳмонов даргузашт!
Ба аҳли оилаи устод Қурбоналӣ Раҳмонов тасаллият изҳор мекунем!
Қуроналӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ роҳбари Хонаи маданияти ноҳияи Восеъ ва роҳбари ансамбли машҳури “Чашма” буд ва баъди ба Душанбе омаданаш роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон дар оғози фаъолияти эҷодиаш, бахусус замони дар ансамбли фолклории “Чашма” кор карданаш бо иҷрои таронаҳои мардумӣ маҳбубияти зиёд ба даст овард. Солҳои охир ӯ бештар таронаҳои орифона, асосан аз осори Мавлавӣ мехонд.
Алвидоъ Қурбоналӣ Раҳмонов!
Комментарии (0)