Мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин таҷрибаи хуби ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қаноатмандӣ таъкид намуда, дар мавриди баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар нимаи аввали соли 2019 дар қаламрави ду кишвар табодули афкор намуданд.
Комментарии (0)