Паёми Соли навии Владимир Путин - видео
Президенти Русия Владимир Путин дар остонаи Соли нави 2020 чун анъана ба мардуми Русия паём фиристод
"Мо дар замони пуртаззод ба сар мебарем. Вале, мо метавонем ва бояд ҳамаи корро бикунем, то Русия рушд кунад, то ҳамаи чиз дар зиндагии мо ба хубӣ дигар шавад", - гуфт Владимир Путин дар паёми шодбошияш.
Ӯ қайд кард, ки орзуи ҳар як шаҳрванд ва пешравии Русия тавъаманд.
"Аз заҳмати ҳар яки шумо ояндаи Русия ва ояндаи фарзандонамон вобаста аст", - гуфт Владимир Путин.
Ба гуфти раҳбари Русия вазифаҳое, ки имрӯз дар пеши Русия меистад танҳо дар сурати муттаҳид будан ва баландтарин ҳадафҳоро танҳо бо ваҳдати ягона метавон ноил шуд.
Комментарии (0)