< РАИС - БО ТЕЛПАКУ ПАЛТО, ДУХТАРАКҲО ... БО КУРТАИ АТЛАС » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

РАИС - БО ТЕЛПАКУ ПАЛТО, ДУХТАРАКҲО ... БО КУРТАИ АТЛАС

РАИС - БО ТЕЛПАКУ ПАЛТО, ДУХТАРАКҲО ... БО КУРТАИ АТЛАС

Як акси нашркардаи хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз сафари кории ӯ ба Панҷакент дар Интернет мавҷи вокунишҳои манфӣ ва маҳкумкунандаро ба бор овард. Дар ин акс раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи як корхона дар сар телпаку дар тан палто тасвир шудааст, вале духтаракҳое, ки барои пешвози ӯ сафарбар шудаанд, дар ҳавои сарди зимистон дар тан танҳо як куртаи атласи он ҳам остинҳояшон кӯтоҳ истодаанд. "Агар ҳаво чунин гарм бошад, ки гулдухтарон тани курта истодаанд, пас чаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кулоҳаш ва палтояшро накашидааст?” – суол гузоштааст бо танз блогнависи тоҷик Барот Қодирӣ.

Бино ба гузориши расмии Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 9 январ ба Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи як коргоҳи коркарди шир, бинои нави беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент иштирок карда, ҳамчунин санги асоси сохтмони осорхонаи Саразмро, ки соли 2020 бояд 5500-солагиаш таҷлил шавад, гузошт.

Аксе, ки мояи баҳсҳои гарм дар Интернет шудааст, дар ҷараёни маросими ифтитоҳи коргоҳи коркарди шир гирифта шудааст. Ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аслам Эшназаров бунёд шуда, 8 навъ маҳсулоти ширӣ тавлид мекунад ва дар он 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Аммо диққати корбарони Интернетро дар ин хабар аксе ҷалб кард, ки дар он раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода лентаи рамзии ифтитоҳи коргоҳи коркарди ширро мебурад.

Дар акс дида мешавад, ки раиси вилоят дар тан палто ва дар сар телпак дорад, зеро маросим рӯзи 9 январ, дар айни авҷи мавсими сармо баргузор шуд.

Аммо духтаракҳое, ки барои пешвози раиси вилоят сафарбар шудаанд, дар ин акс бо вуҷуди ҳавои сарди зимистон дар тан танҳо як куртаи он ҳам остинҳояшон кӯтоҳи атлас доранд.

Барот Қодирӣяк блогнависи фаъоли тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук ин аксро чунин ба чолиш кашидааст: "Агар ҳаво чунин гарм бошад, ки гулдухтарон тани курта истодаанд, пас чаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кулоҳаш ва палтояшро накашидааст?

Ҷони Сафарзода низ бо истеҳзо навиштааст: "Эй мардум о инро либоси миллӣ мегӯянд. Агар он духтарон палтову рӯймол дар сар мемонданд, раис хиёли сатр мекарду авзояш беҷо мешуд.

Пешвозгириҳои пурдабдаба аз раисони хурду бузург ба тақлид аз пешвозгириҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.

Ин дар ҳолест, ки худи Эмомалӣ Раҳмон чандин бор аз масъулон талаб карда буд, ки ташкили чунин пешвозгириҳои пурхарҷу пурдабдабаро барои вай бас кунанд.

Ӯ аз ҷумла рӯзи 24 июни соли 2018 зимни боздидаш аз минтиқаи Кончочи ноҳияи Айнӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ёрдамчии президент Абдуҷаббор Раҳмонро барои дар ҳавои сард ба пешвози ӯ баровардани даҳҳо кӯдаку духтар сарзаниш кард.

"Чаро Шумо гапро намефаҳмед? Ба Шумо чанд маротиба гап занам, ки дигар зимни сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо аз наврасону духтарон истифода накунед? Ин аҳволро бубинед, мардум аз хунукӣ ларзидаистодааст. Инсоф доред?” - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдуҷаббор Раҳмон.

Чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон низ аз мақомоти маҳаллӣ сарзаниш карда буд, ки чаро кӯдакони хурдсолро дар ҳавои сард ба пешвози ӯ баровардаанд?

Дар он сафар як кӯдаки хурдсол, ки аз сардӣ меларзид, дар посух ба пурсиши Эмомалӣ Раҳмон, ки пурсид, хунук хӯрдӣ?, иқрор кард, ки бале, хеле хунук хӯрдааст.

Аммо бо вуҷуди сарзанишҳои президент, пешвозгириҳо аз ӯ дар минтақаҳо ба як навъ сабқат табдил ёфтааст, ки оё кадом мансабдор дар "ташкил”-и маросими истиқбол аз президент худро бештар нишон медиҳад? Ин пешвозгириҳоро мақомоти маҳаллӣ як гуна намоиши садоқати худ ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ медонанд.

Ҳоло ба тақлид аз президент барои раисони вилоятҳо низ зимни сафарҳои кориашон ба ин ё он ноҳия чунин маросими пурдабдабаи пешвозгирӣ ташкил карда истодаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий