
09.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Сатторова Зебуниссо Ҷонибековна 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Сомон бо ҳамроҳии фарзандонаш моҳи октябри соли 2013 бо даъвати шавҳараш, Сатторов Қосимҷон Олимбекович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо тавассути ҳавопаймо ба ш. Истамбули Ҷумҳурии Туркия рафтааст. Номбурда, ҳангоми дар ш.Истамбул қарор доштанаш, тавассути шавҳараш, Сатторов Қ.О. бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” шинос шуда, онро ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, шаҳрванд Сатторова З.Ҷ. охирҳои соли 2014 бо ҳамроҳии шавҳараш, Сатторов Қ.О. ва фарзандонаш бо роҳи ба тафтишот номаълум аз ш.Истамбули Ҷумҳурии Туркия ба давлати Сурия рафта, ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” шомил шуда, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Сатторова З.Ҷ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)