< Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон мулоқот намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 октябр бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати парлумонии давлати мо, ки бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридинҷон Исмоилов дар Тошканд қарор доранд, мулоқот намуд.

Раиси Парлумони касбии Тоҷикистон қабл аз мулоқот барои пазироии самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, саломи самимона ва орзуҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

«Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ба вуҷуд омад»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Парлумони Тоҷикистон зикр намуд, ки: «Сафари мазкур таҷассуми робитаҳои барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду давлат арзёбӣ мекунем. Тақрибан 3 сол мешавад, ки Шумо сарварии Ҷумҳурии  Ӯзбекистонро бар уҳда доред. Ин давраро  метавон солҳои ислоҳоти муҳим ва тағйирот номид, зеро се сол пеш ин корҳо ғайриимкон менамуданд. Мо дар хотир дорем, ки фавран пас аз расидан ба қудрат, Шумо моҳи декабри соли 2016 афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ӯзбекистонро эълон кардед: самти наздикшавӣ бо ҳамсояҳо, барқарорсозии муносибатҳо бо кишварҳои дигари хориҷи дур, озодсозии иқтисодиёт дар ислоҳоти идоракунии давлатӣ».

Комментарии (0)

Оставить комментарий