< СОБИҚ ВАЗИРИ АМНИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ИХТИЁР АБДУЛЛОЕВ БА 18 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СОБИҚ ВАЗИРИ АМНИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ИХТИЁР АБДУЛЛОЕВ БА 18 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

СОБИҚ ВАЗИРИ АМНИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ИХТИЁР АБДУЛЛОЕВ БА 18 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи низомии Ӯзбекистон рӯзи 27 сентябр собиқ сардори Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар (СГБ) Ихтиёр Абдуллоевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ, ки аз 15 июл пушти дарҳои баста идома дошт, Абдуллоевро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, гирифтани пора, тамаъҷӯӣ, тасарруфи молу мулки ғайр, имзои қарордодҳои бар хилофи манфиатҳои Ӯзбекистон ва дигар мавридҳои сӯиистифода аз мақом гунаҳкор шинохт. Додгоҳ дар маҷмӯъ ҳамроҳи Абдуллоев 24 мансабдори дар гузашта баландпояи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистонро маҳкум ба зиндон кард. Аз ҷумла муовини сардори СГБ Ҷаҳонгир Эгамов ба 16 сол, мушовири сардори СГБ Алишер Ишонхоҷаев ба 17 сол, собиқ муовини додситони Тошканд Ёркин Абдуллоев ба 14 сол маҳкум шуданд. Собиқ муовини додситони кулл Ғайрат Ҳидоятов, собиқ муовини раиси Додгоҳи олӣ Баҳодир Деҳқонов ва собиқ прокурори вилояти Намангон Улуғбек Тошев – 5-солӣ ҳукм гирифтанд. Ихтиёр Абдуллоевро рӯзи 11 феврал аз мақом барканор карданд. Сабаби расмии барканории ӯ баъди ҳамагӣ як соли кор вазъи саломатиаш ва дар як соли охир ду бор ҷарроҳӣ кардани сутунмуҳрааш гуфта мешуд. Вале алакай як рӯз баъд эълон шуд, ки ба зидди сардори СГБ бо иттиҳоми коррупсия парвандаи ҷиноятӣ кушода, даҳҳо нафар аз шариконашро дастгир кардаанд.

Сарчашма: https://akhbor.com/-p10213-167.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий