Толибон чанд манотиқи наздимарзӣ бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

Феълан дар манотиқе, ки Толибон онро забт намуданд, даргирӣ миёни мақомоти афғон ва гуруҳи ҷангҷӯй идома дорад
Ҷангиёни ҳаракати Толибон навоҳии Чоҳоб музофоти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистонро забт намуданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба маълумоти намояндаи расмии губернатори Тахор, Муҳамммад Ҷавод Ҷоҳирӣ, ҷангиёни толиб субҳи имрӯз ин манотиқро иҳота намуданд.
Зимнан Ҷоҳарӣ илова намуд, ки гурӯҳи ҷангиён аллакай як қисми зиёди ноҳияи Чоҳобро тасарруф намуданд ва дар натиҷаи задухӯрд миёни гурӯҳҳои ҷангҷӯй ва мақомоти афғон чандин биноҳо тахриб шуда дар якчанд манотиқ сӯхтор низ сар задаст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои миллии Афғонистон хабар медиҳад, ки воҳидҳои ёрирасони қувваҳои мусаллаҳ ба ин ноҳия ворид шуданд ва феълан задухӯрди шадид миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ идома дорад.
Зимнан ҷангиёни Толибон иддао доранд, ки силоҳбадастони гурӯҳ ба минтақаҳои Чоҳоб, Дакид ва Бҳараки вилояти Тахор ҳамла карда, ба нерӯҳои амниятӣ талафоти зиёд ворид кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти нерӯҳои интизомии афғон алайҳи Толибон барои бозпасгирии ноҳияҳои Юмгон, Ҷурм, Карон ва Минҷон идома дорад.
Комментарии (0)