
27.08.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сайфиддинов Салимҷон Мирисломиддинович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Хурмӣ, деҳ. Катақӯрғон, дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи июни соли 2006 то инҷониб бо даъвати аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии «Катибаи Ал Бухорӣ» шаҳрванд Бутаев Қаландар Исроилович 1981 с/т, истиқоматкунандаи н.Кушониён, ҷ/д Истиқлол, деҳ. Л.Шералӣ ба ташкилоти мазкур шомил шудааст. Баъдан, шаҳрванд Сайфиддинов С.М. бинобар иҷро намудани фарзияти ҷиҳод ба суратҳисоби аъзоёни ташкилоти мазкур дар якчанд марҳила маблағи пулӣ дар ҳаҷми 10 000 рубли ФР ва 1000 гривени Украинаро тавассути терминалҳо интиқол додааст. Нисбати шаҳрванд Сайфиддинов С.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 179 иловаи 2 қ. 3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)