< ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
27.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Суяров Валиҷон Мамадқулович 1993 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Куруш, деҳ. Меҳнатобод, моҳи марти соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи Ф.Руссия рафтааст. Баъдан, моҳи июни соли 2017 бо даъвати рафиқаш, Мамараҳимов Шарифҷон Маҳмудович 1968 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо (нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, айни ҳол дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад) бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии "ДИИШ" шинос шуда, онро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, бо ҳамроҳии ҳамсараш,  Суярова Гулбодом Бахтиёровна 1995 с/т,  фарзандаш, Суяров Тоҳир Валиҷонович  2015 с/т ва модараш, Суярова Маҳинабону 1959 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо бо роҳи ба тафтишот номаълум ба давлати Туркия ва аз он ҷо ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати конститутсионии давлати Сурия иштирок намуда истодаанд.  Нисбати шаҳрванд Суяров В.М парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи  401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий