< ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

14.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сайджалолов   Саидводжиддин Сайнеъмонович 1992 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Заргар, деҳ. Киров ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР рафта дар вақти дар он ҷо қарор доштанаш, дар шабакаи интернетии “Одноклассник”-и   саҳифаи (аккаунти) худро бо номи “Сайд Сайджалолов” созмон додааст. Номбурда, дар саҳифаи  интернетиаш сабту наворҳои видеоӣ ва навиштаҷотҳои “Дар   роҳи дин мубориза баред, марг дар роҳи Худо ва дар роҳи дин ҳақ аст, онҳое ки дар ин роҳ ҳастанд ва ҷон диҳанд шаҳид мешаванд ва ҳамаи мо орзу дорем дар ин роҳ шаҳид шавем” ва дигар сабту наворҳоро ҷой намуда бо мақсади мусоидат кардан ба фаъолити ташкилоти экстремистӣ-террористи “Ҳизби Наҳзати Исломӣ”-ро ба дигар дӯстони интернетиаш паҳн намудааст. Мувофиқи хулосаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ маводҳои ба ташхиси диншиносӣ пешниҳодшуда ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҳизби Наҳзати Исломӣ” мансуб буда дар онҳо даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд мебошад. Нисбати шаҳрванд Сайджалолов С.С. аз тарафиШТ Раёсати КДАМ ҶТ дар в.Хатлон бо моддаи 307 иловаи 3 қ 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий