< Хиёнат кард: барканории муовини вазир, ки бо Отамбоев гуфтушунид дошт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хиёнат кард: барканории муовини вазир, ки бо Отамбоев гуфтушунид дошт

Хиёнат кард: барканории муовини вазир, ки бо Отамбоев гуфтушунид дошт
Намояндаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки зимни даргирӣ барои боздошт, бо Отамбоев гуфтушунид карда буд, барои хиёнат ба манфиати милитсия аз вазифа барканор шуд

 Генерал - майори милиса Курсан Асанов, дар паи тафтишоти дохилӣ аз вазифа барканор шуд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии ВУД, хабар медиҳад.

Қарор дар бораи барканории муовини вазирро нахуствазири кишвар Муҳаммадқулий Абилғозиев имзо кардааст.

ВКД Қирғизистон масъалаи даргирӣ дар Кой-Тош ва махсусан кори Асановро дар рӯзҳои 7-8 август барои роҳ надодан ба задухӯрди оммавӣ зимни боздошти Отамбоев, тафтиш кардааст.

Ҳамин тавр дар паи тафтишот, муовини вазири умури дохилӣ барои хиёнат ба манфиатҳои милитсия аз вазифа барканор карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҷузъиёти дигари тафтишот ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7 ва 8 август барои боздошти собиқ президенти Қирғизистон, Алмосбев Отамбоев амалиёти вижа баргузор шуд.

Дар паи амалиёти аввал ба кормандони мақомоти қудратӣ даст надод, Отамбоевро боздошт кунанд, чун ҷонибдорони собиқ президент бар зидди ҳукуматдорон баромада, аввал дар Кой-Тош ва сипас дар Бишкек задухӯрди оммавӣ баргузор карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий