< ТАШКИЛИ ИТТИҲОДИ ҶИНОЯТӢ ДАР МАҲБАС » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТАШКИЛИ ИТТИҲОДИ ҶИНОЯТӢ ДАР МАҲБАС

ТАШКИЛИ ИТТИҲОДИ ҶИНОЯТӢ ДАР МАҲБАС
07.08.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муайян карда шуд, ки маҳкумшуда, Абдумаҷидзода Мирзообид Абдурашид 1992 с/т, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д Р.Исмоилов, деҳаи Ганҷбор х.1 санаи 18.03.2015 сол бо ҳукми суди ш.Ваҳдат бо мод.249 қ.4 КҶ ҶТ суд шуда, дар МИ ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ дар ш.Душанбе адои ҷазо карда истодааст. Номбурда, аввалҳои соли 2017 бо даъвати маҳкумшуда, Сангзода Ҷамшеди Бобомурод 1990 с/т, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д Р.Исмоилов, деҳаи Ганҷбор х.1, ки барои содир намудани ҷиноят бо мод.401 иловаи 1 КҶ ҶТ, ки айни ҳол дар муассисаи мазкур адои ҷазо намуда истодааст, бо роҳи қасамёдкунӣ ва додани аъзоҳақӣ ба ҷамоати «Муваҳҳидин», ки ҷузъу таркиби ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» буда, мақсадаш барҳам додани давлатҳои сохти идоракуниаш демократӣ, аз ҷумла ҶТ ва дар заминаи он бунёд кардани давлати исломии «Хилофат» мебошад, аъзо гардида, санаи 11.04.2019 сол аз муассисаи дар боло зикргардида ба МИ ЯС 3/3 СРИҶҶ ВА ҶТ дар ш. Хуҷанд интиқол дода шудааст. Шаҳрванд Абдумаҷидзода М.А. ҳангоми дар муассисаи ислоҳоити мазкур адои ҷазо намуданаш моҳи майи соли 2019 маҳкумшуда, Бобоҷонов Бобур Эгамбердиевич 1991 с/т, истиқоматкунандаи ш.Истаравшан, кӯч. Гагарин х.14, ки бо мод.200 қ.1 КҶ ҶТ ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гаштааст, бо мақсади зиёд намудани сафи ҷамоати «Муваҳҳидин» даъват намудааст. Оиди ин ҳодиса маводҳои ҷамъовардашуда бо мод.187 қ.2 ва 307 иловаи 3 қ.2 КҶ ҶТ ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий