ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
23.07.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Қубодиён муайян карда шуд, шаҳрвандон Маҳмудов Маҳмадиёр Сангакович 1990 с\т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ\д 20-солагии Истиқлол, деҳаи М.Турсунзода, Холмуродов Абдулвоҳид Исмоилович 1988 с\т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ\д 20-солагии Истиқлол, деҳаи М.Турсунзода ва Қурбонов Суҳроб Хуҷамуродович 30.04.1990 с\т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ\д 20-солагии Истиқлол, деҳаи М.Турсунзода, ғояҳои ҷараёни экстремистии “Салафия”-ро аз худ намуда, ба таблиғоту ташвиқоти ақидаҳои ҷараёни мазкур машғул шуда, тавассути шабакаи интернетии “Ютуб” аз баромадҳои аъзоёни ҷараёни “Салафия”-ро гуш карда, оид ба ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” маълумот пайдо намуда, ба худашон онҳоро дуруст қабул кардаанд. Баъди аз худ намудани ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” ба худ хулоса баровардаанд, ки ақидаҳои мазҳабии Имоми Аъзам нодуруст мебошад ва минбаъд ба шаклу ва усулҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” фаъолият намудааст. Сипас номбурдагон, баҳри устувор нишон додани ақидаҳои худ дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи М.Турсунзодаи ҷ\д 20-солагии Истиқлоли ноҳия ба номи “Имом Муслим” бо тарз ва усули ҷараёни экстремистии “Салафия” амал намуда, ба ғайр аз ин онҳр бо ҳамроҳии ҳаммаслаконашон шабона дар назди масҷиди деҳаи зикргардида ҷамъ омада, баромадҳои аъзоёни ҷараёни экстремистии “Салафия” бо номҳои “Шайх Абдулло Доғистонӣ, Абдулло Зуфар ва Муҳаммад Хаблос”-ро мавриди мутолиа қарор медоданд. Айни ҳол шаҳрвандон Маҳмудов М.С., Холмуродов А.И. ва Қурбонов С.Х. дар Федератсия Россия қарор доранд. Нисбати онҳо аз тарафи ШТ РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ-2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)