МУНОҚИША ДАР САРҲАД БО ОДАМКУШӢ АНҶОМИД
22.07.2019 сол тахминан 16:30 дақиқа дар хатти сарҳади давлатӣ ҷ/д Ворухи ш. Исфара бо деҳаи Оқсой-и н. Боткени вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон як гурӯҳ шаҳрвандони мусаллаҳ бо сангпораҳо ва силоҳи шикории ҷониби Қирғизистон ба сӯи сокинони ҷ/д Ворухи ш. Исфара сангпартоӣ ва тирпаронӣ намуданд. Бар асари ҳодисаи мазкур, кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд, ки барои таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ сафарбар гардида буданд: 1). сардори Маркази иттиолоотии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шомирсаидзода Расул Самад 1977 с/т, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, маҳ.19, х.48, ҳ.63, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ - соли 2001 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст, дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз 02.03.1999 ва дар вазифаи ишғолнамудааш аз 09.01.2019 сол бо “ҷароҳати ҷисмонӣ аз силоҳи оташфишон дар мавзеъи қафаси сина аз тарафи рост, осеби шуши рост, ориза-пневмогемоторокс аз рост, садмаи плевропулмоналӣ”; 2). сардори шуъбача оид ба кушодани ҷиноятҳои вазнин байни ҷавонони Шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Мамадов Бахтиёр Ибодуллоевич 1983 с/т, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, маҳ. Бофанда, х.7, ҳ.41, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ - соли 2005 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст, дар сафи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.05.2009 ва дар вазифаи ишғолнамудааш аз 21.01.2019 сол, бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар намуди “захми рухсора аз тарафи чашми рост, захмҳои мавзеъи оринҷи дасти рост, осеби пӯшидаи косахонаи майнаи сар, ларзиши майнаи сар дар беморхонаи клиникавии ҷ/д Ворух бистарӣ мебошад. 3). шаҳрванд Қароев Ҷалол Ҳомидович, с/т 14.12.1967, сокини ш. Исфара, ҷ/д Ворух, к. А. Давронов-б/р, мувақатан бекор, оиладор - соҳиби 4 фарзанд, бар асари ҷароҳати ҷисмонӣ дар намуди “захми оташфишони гузарандаи косахонаи майнаи сар бо вайроншавии мағзи сар тавассути чашми рост” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
4-нафар сокинони дигари ҷ/д Ворух, шаҳрвандон: 1).Ҷӯраев Ҳомид Тӯраевич, с/т 1964, сокини кӯчаи Дӯстӣ-153; 2).Ҷӯраев Абдумубин Абдурауфович, с/т 1978, сокини к. Ҳақиқат-180; 3).Тешаев Мамулидин Сангинхӯҷаевич 1976 с/т, сокини к. Сангтӯда; 4).Хӯҷавезов Зарофидин Зуҳурович, с/т 1994, сокини к. И. Саидаминов бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ аз таъсири тири силоҳи оташфишон ва 9 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Ворух, шаҳрвандон: 1).Амониён Садоидин Саидзода 199 с/т 8, сокини к. Ҷ. Махкамов-5; 2).Зоидов Малҳам Ҳошимович, с/т 1967, сокини к. А. Рӯдакӣ-69; 3).Зоидов Зоиршоҳ Малҳамович, с/т 1995, сокини к. А. Рӯдакӣ-69; 4).Зокиров Нӯъмонидин Рухсорович 1986 с/т, сокини к. Б. Ғоибназаров-24; 5).Зокиров Нӯъмонидин Амирович, с/т 1989, сокини к. Б. Ғоибназаров; 6).Саидов Некрӯз Саидович 1997 с/т сокини к. Гулистон-169; 7).Шокиров Рухсатҷон Абдумаликович 1982 с/т, сокини к. Сангтӯда-б/р; 8).Эгамов Фатхулло Додохонович 1988 с/т, сокини к. Хақиқат-256; 9).Эргашев Шохруз Эсанович 1993 с/т, сокини к. Б. Ғоибназаров-113 бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ аз таъсири сангпораҳо дар беморхонаи клиникавии ҷамоати деҳоти Ворух бистарӣ гардидаанд. Оиди ҳодисаи мазкур аз тарафи прокурори шаҳри Исфара чораҳо барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “ж” ва “к”, 32 қисми 3 - 104 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда истодаанд.
Комментарии (0)