< Раҳимзода: дар Тоҷикистон як амали террористӣ содир шудаст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳимзода: дар Тоҷикистон як амали террористӣ содир шудаст

Раҳимзода: дар Тоҷикистон як амали террористӣ содир шудаст
Дар шаш моҳи охири соли равон дар қаламрави Тоҷикистон, як амали террористӣ содир шуда аз амалӣ шудани ду ҳолати дигар пешгирӣ карда шуд

Дар ин бора имрӯз вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода афзуд, ки дар ин давра наздики 97 узви ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ  дастгир шуданд.

Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода гуфт,  давоми шаш моҳи охир дар Тоҷикистон 12 ҳазору 549 ҷиноят содир шудаст, ки аз ин миён 48 ҳолати одамкушӣ ба қайд гирифта шудаст.

Зимнан  Вазири умури дохила аз ҷангиёни тоҷике, ки дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, ёдовар шуда, афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон 169 нафар ҷангиён изҳори пушаймонӣ намуда, ба ватан баргаштанд.

Ёдовар мешавем,ки қаблан Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии Парлумон эълон намуда буд, ки то имрӯз зиёда аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистон ба Ватан оварда шуданд.

Ба қавли Зуҳуров наздик ба 100 кӯдаки тоҷик аз минтақаҳои ҷангу хушунат ба Тоҷикистон баргардонида шуд

Комментарии (0)

Оставить комментарий