< Сафорати Туркманистон хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро рад кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафорати Туркманистон хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро рад кард

Сафорати Туркманистон хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро рад кард
Сафорати Туркманистон хабари даргузашти раисиҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бепоя хонд

Сафорати Туркманистон дар Русия хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро бардуруғу бепоя гуфт, менависад, RT.

"Ин дурӯғи маҳз аст. Мо ин хабарро рад мекунем", - гуфт намояндаи сафорат.

Пештар хабар дода шуд, ки президенти Туркманистон рӯзи 15 июл ба рухсатии меҳнатӣ баромад.

Гуфта шуд, ки рӯзи аввали рухсатӣ, Бердимуҳаммадов навиштани ҷилди навбатии китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро анҷом доду бо набераҳояш гашту гузор кард.

Имрӯз бошад дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои Telegram хабар дар бораи вафоти президент паҳн шуд. Гуфта шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон дар паи бемории гурда вафот кардааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пас аз вафоти Сафармурод Ниёзов (Туркменбошӣ) соли 2006, сари қудрат омад.

Соли 2017 бо гирифтани 97 дарсади овозҳо Бердимуҳаммадов бори саввум раисиҷумҳури Туркманистон интихоб шуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 29 июни соли 1957 дар вилояти Ишқободи Туркманистон ба дунё омадааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий