< ҲОДИСАИ НОХУШ ДАР ТАШНОБ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАИ НОХУШ ДАР ТАШНОБ

ҲОДИСАИ НОХУШ ДАР ТАШНОБ

19.07.2019 тахминан соати 18.30-дақиқа шаҳрвандон: Камбаров Лочин Аланович 1970 с/т, Камбарова Сафаргул Лочиновна 1995 с/т ва Камбарова Фазилат Лочиновна 2000 с/т, сокинони ҷ/д. Фирӯза, деҳаи Х.Маҳмашукур ҳангоми гирифтани калиди а/м тамғаи “Тико”, ки ба даруни ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиашон афтида буд, аз беэҳтиётиашон ба дохили ҳоҷатхона афтидаанд. Дар натиҷа шаҳрвандон: Камбарова С.Л, Камбарова Ф.Л. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрванд Камбаров Л.А дар беморхонаи н.Шаҳритус бистарӣ гардидааст. 


20.07.2019 тахминан соати 16.30-дақиқа шаҳрвандон: Юсуфов Шаҳбоз Тоҷидинович 1992 с/т, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д Симиганҷ, деҳаи Каҳлон ва Мирзоев Одилшоҳ Обидҷонович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Шаҳритус, кӯчаи Бояркина х.115, дар хонаҳои баландошёнаи нотамом воқеъ дар ҷ/д Сарикиштӣ, деҳаи Навбаҳор, ки ба ҶДММ “Ҷовид”, тааллуқ дорад, ҳангоми ба корҳои сохтмонӣ машғул шуданашон, аз беэҳтиётиашон дасташон ба ноқили барқӣ расида аз шиддати қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий